Пайвандҳои дастрасӣ

Эътои ҷоизаи Нобел дар бахши кимиё ба 2 амрикоӣ


Ҷоизаи Нобел дар бахши илми кимиё ба донишмандони амрикоӣ Роберт Лефковитс ва Брайян Кобилке барои пажуҳиши ретсепторҳои ҳуҷайраҳои зинда эъто шуд. Дар баёнияи Кумитаи Нобел гуфта шудааст, ки таъсири тақрибан нисфи дорувор ба ин ретсепторҳо марбут аст ва маълумоти комил дар бораи онҳо ба тавлиди дорувори беҳтар мусоидат хоҳад кард.

Роберт Лефковитс дар донишгоҳи олии тиббии Мэриленд ва Брайян Кобилке дар мактаби олии Донишгоҳи Стэнфорди аёлати Калифорния машғули пажуҳишанд.

Аз ин пештар донишмандони фаронсавӣ ва амрикоӣ - Серж Ҳарош ва Дэвид Вайнланд барандагони Ҷоизаи Нобел дар бахши физика эълом шуданд. Ба иттилои Фарҳангистони Салтанатии Улуми Шветсия, онҳо барои пажуҳишашон дар заминаи андозагирии системаҳои квантумӣ сазовори ин ҷоиза шуданд. Рӯзи душанбе бошад донишмандон Ҷон Гардон аз Бритониё ва Шиня Ямака аз Ҷопон барои таҳқиқоташон дар бораи ҳуҷайраҳои инсонӣ сазовори ҷоизаи Нобел дар бахши тиб шуда буданд.

Қарор аст, ки рӯзи 11 октябр барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт ва як рӯз баъд барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел эълон шаванд.
XS
SM
MD
LG