Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мишел Платини имрӯз ба Душанбе меояд


Мишел Платини
Мишел Платини

Мишел Платини, раиси Иттиҳоди созмонҳои футболи Аврупо (UEFA), имрӯз, 10-уми октябр ба Душанбе меояд.

Дар ин бора ба радиои Озодӣ Ислом Маҳмадшоев, сардори шӯъбаи равобити хориҷии Федератсияи футболи Тоҷикистон, хабар дод. Вай гуфт: “Ба ҳайати вакилони UEFA бо роҳбарии Мишел Платини кормандони масъули Иттиҳоди созмонҳои футболи Аврупо ва созмонҳои миллӣ шомиланд. Меҳмонон тӯли сафари дурӯзаи корӣ бо вазъи футбол дар кишвар ошно мешаванд. Инчунин Мишел Платини дар ҷараёни сафари худ имрӯз бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбарияти Федератсияи футболи кишвар мулоқот хоҳад кард. Рӯзи 11-уми октябр, соати 10 дар шаҳри Душанбе, дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency” нишасти матбуотӣ бо ширкати меҳмонон баргузор мешавад.”

Ба гуфтаи ҷаноби Маҳмадшоев собиқ футболбози машҳури мунтахаби Фаронса Мишел Платини ба ҳайси раҳбари футболи Аврупо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар кардааст. Ӯ пас аз сафари Қирғизистон бо ҳавопаймои худ соати 11.45 ба пойтахти Тоҷикистон - Душанбе меояд.
XS
SM
MD
LG