Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзҳои 8-ум ва 9-уми октябр бозиҳои даври 19-уми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Рӯзи душанбе ду бозӣ барпо гардид. Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар меҳмонӣ, дар варзишгоҳи «Фурудгоҳ» бозиро бо тими “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дод. Ду голи “Равшан”-ро Течи Соломон (дақиқаи 17-ум) ва Девид Мауто (38), легионерҳои африқоии даста, дар нимаи аввали бозӣ ба ҳадаф расонданд.

Мизбонон – Ҷаҳонгир Алиев (61) ва Давронҷон Тухтасунов (71) дар нимаи дувуми бозӣ ду гол зада, ҳисобро баробар карданд. Бояд гуфт, ки «Равшан» дар ҷараёни бозӣ боз як имкони садфоизаи голзанӣ дошт, вале Течи Соломон дар дақиқаи 65-ум тӯбро аз пеналтӣ хато зад.

Дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ – варзишгоҳи «Пахтакор» бозиро бо тими “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 1:1 ба охир расонд. Суннатулло Холов, бозигари 16-солаи “Вахш”, дар дақиқаи 22-юм ҳисобро боз кард. Тӯби ҷавобиро Шӯҳрат Шамсиев, ҳамлагар ва сармураббии дастаи “Истаравшан”, дар дақиқаи 89-ум вориди дарвозаи мизбонон кард.

Чор бозии дигари даври 19-ум рӯзи сешанбе баргузор шуд. Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бозиро бо КМВА «Помир»-и Душанбе (ССКА - Клуби марказии варзишии артиши Вазорати дифоъ) мусовӣ намуд. Ҳисобро дар дақиқаи 9-ум Абдуқаюм Қарабоев, бозигари КМВА кушод. Голи ҷавобиро Дилшод Восиев, капитани «Истиқлол» ва беҳтарин нишонзани мусобиқа, дар дақиқаи 77-ум ба ҳадаф расонд.

Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар варзишгоҳи «Металлург» тими меҳмон – «Зарафшон»-и Панҷакентро голборон кард ва бо ҳисоби рекордии 12:0 ғолиб омад. Комил Саидов 6 гол, Аҳтам Ҳамроқулов 2 гол, Сӯҳроб Эгамбердиев, Ҷамшед Исмоилов, Фаррух Чориев ва Хуршед Маҳмудов якголӣ заданд.
Голҳо: Сӯҳроб Эгамбердиев, 3 (1:0). Комил Саидов, 14 (2:0). Комил Саидов, 16 (3:0). Ҷамшед Исмоилов, 20 (4:0). Фаррух Чориев, 34 (5:0). Хуршед Маҳмудов, 46 (6:0). Комил Саидов, 52 (7:0). Комил Саидов, 56 (8:0). Аҳтам Ҳамроқулов, 72 (9:0). Комил Саидов, 75 (10:0). Аҳтам Ҳамроқулов, 80 (11:0). Комил Саидов, 87 (12:0).

Бозии дастаҳои «Гврдия»-и Душанбе ва «Энергетик»-и Душанбе дар варзишгоҳи КМВА – Клуби марказии варзишии артиши Вазорати дифои Тоҷикистон доир шуд. Тақдири бозиро голи ягонаи дар дақиқаи 54-ум ба дарвозаи “Гвардия”задаи Абдусамад Ҳоҷибоев ба нафъи тими меҳмон – “Энергетик” ҳал кард.

Дастаи мизбон - “Хуҷанд” дар варзишгоҳи “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд” бар тими “Ҳосилот”-и Фархор бо ҳисоби 1:0 ғолиб шуд. Тӯбро ҳамлагар Ҷомихон Муҳиддинов дар дақиқаи 53-юм ба самр расонд.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо 44 имтиёз дар ҷойи аввал мебошад. Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бо 41 имтиёз дар зинаи дувум ҷой гирифтааст. Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат бо 33 имтиёз дар ҷойи севум аст.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки аз ҳама камтар – 14 бозӣ анҷом додааст, бо 30 имтиёз дар зинаи чаҳорум ҷойгир шудааст. “Истиқлол” бо рақибони аслиаш - “Регар-ТадАЗ” ва “Равшан” барои унвони қаҳрамони Тоҷикистон мубориза мебарад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:



Дастаҳо



Б



Ғ



М



Б



Т



И
1. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 17 14 2 1 49-11 44
2. «Равшан» (Кӯлоб) 17 13 2 2 27-8 41
3. «Хайр» (Ваҳдат) 16 10 3 3 29-18 33
4. «Истиқлол» (Душанбе) 14 9 3 2 33-9 30
5. «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 17 8 3 6 35-24 27
6. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 16 7 3 6 21-13 24
7. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 17 7 2 8 23-26 23
8. «Энергетик» (Душанбе) 17 6 5 6 23-20 23
9. КМВА “Помир” (Душанбе 18 5 5 8 17-22 20
10. “Истаравшан» (Истаравшан) 18 5 4 9 26-35 19
11. «Ҳосилот» (Фархор) 17 4 1 12 16-36 13
12. «Гвардия» (Душанбе) 17 2 0 15 9-43 6
13. «Зарафшон» (Панҷакент) 17 1 3 13 17-60 6

Голзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев («Истиқлол») – 12 тӯб, Аҳтам Ҳамроқулов, Комил Саидов (ҳарду - «Регар-ТадАЗ») – 11- тӯбӣ, Асадулло Бобоҷонов, Мансур Ҳакимов (ҳарду - «Парвоз»), Шодибек Ғаффоров («Энергетик»)- 9-тӯбӣ.

Бозиҳои даври 20-ум:
13-уми октябр (шанбе)
Оғози бозиҳо соати 15.00
«Зарафшон» - «Вахш» (Панҷакент, Варзишгоҳи марказӣ)
«Хайр» - «Парвоз» (Ваҳдат, варзишгоҳи “Хайр”)
«Хуҷанд» - «Регар-ТадАЗ» (Хуҷанд, варзишгоҳи “Спартак”)
14-уми октябр (якшанбе)
Оғози бозиҳо соати 15.00
«Истаравшан» - КМВА «Помир» ( Ғулакандоз, варзишгоҳи «Пахтакор»)
«Равшан» - «Гвардия» (Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ)
«Ҳосилот» - «Энергетик» (Фархор, Варзишгоҳи марказӣ)

Бозии даври 18-ум
17-уми октябр (чоршанбе)
Оғози бозӣсоати 15.00
«Истиқлол» - «Вахш» (Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ)

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG