Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

НАТО: "Ҳама тарҳҳои зарурӣ барои дифоъ аз Туркия омода аст"


Дабири кулли паймони НАТО ҳини нишастӣ матбуоти дар Бруссел, 9-уми октябри соли 2012

Дабири кулли паймони НАТО ҳини нишастӣ матбуоти дар Бруссел, 9-уми октябри соли 2012

Дабири кулли паймони НАТО гуфтааст, ҳама тарҳҳои зарурӣ барои дифоъ аз Туркия омода аст.

Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли НАТО аз вуҷуди «тарҳҳое омода» барои дифоъ аз Туркия дар муқобили ҳар гуна ҳамлаи низомӣ дар сурати ниёз, хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории «Ройтерз», Расмуссен рӯзи сешанбе пеш аз нишасти вазирони дифои кишвраҳои узви паймони НАТО дар Бруссел ба хабарнигорон гуфт: «Ба таври ҳатмӣ Туркия метавонад рӯи пуштибонии НАТО ҳисоб кунад. Ҳама тарҳҳои лозим барои ҳимоят аз Туркия ва дифоъ аз он дар сурати даркориро омода дорем ва умедворем чунин иқдоме зарурӣ набошад.»

Ӯ ҳамчунин аз Димишқ ва Анқара хост хештандорӣ нишон диҳанд ва ибрози умедворӣ кард, ки НАТО ночор нашавад ба дархостҳои Туркия дар таниш бо Сурия, дахолат кунад. Ӯ афзуд, ки роҳи дуруст барои поён додан ба бӯҳрони Сурия, роҳи ҳалли сиёсӣ аст. Рассмусен ҳамчунин аз Туркия ба хотири «хештандорӣ» дар муқобили ҳамлаи «ғайри қобили қабули Сурия», ташаккур кард.

Туркия узви паймони НАТО аст ва нишасти ҳафтаи гузаштаи сафирони узви ин паймон, бино ба дархости Анқара баргузор шуда буд. Дар Бруссел низ интизор Нишасти вазирони дифои кишварҳои узви паймони НАТО

Нишасти вазирони дифои кишварҳои узви паймони НАТО

еравад, ки таниш миёни Сурия ва Туркия, бахши бузурге аз гуфтугӯҳои вазирони дифои кишварҳои узви ин паймонро ба худ ихтисос диҳад.

Аз сӯи дигар Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия аз омодагии артиши ин кишвар барои муқобила дар баробари «таҷовузҳои рӯзонаи нерӯҳои Сурия ба хоки Туркия», хабар дод.Эрдуғон, ки дар парлумони Туркия сухан мегуфт, таъкид кард, ки Анқара дар муқобили «таҷовузҳо»-и марзии Сурия аз худ бисёр хештандорӣ нишон дод, аммо ҳангоме, ки шаҳрвандон кушта шуданд, «дахолатро зарурӣ дидем».

Ӯ гуфт, ки кишвараш аз тамоми роҳҳои дипломатӣ барои дифоъ аз сарзамин ва мардуми худистифода хоҳад кард. Оқои Эрдуғон гуфт, ки Башор Асад раиси ҷумҳури Сурия машруияти худро аз даст дода ва пуштибонии пешини худ аз ӯро машрут ба ислоҳот ва дифоъ аз мардуми Сурия донист. Ӯ идома дод: «Аммо Башор Асад чунин накард, балки ба Туркия хиёнат намуд.»
XS
SM
MD
LG