Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА таҳрими Эронро тавсеа медиҳад


Президенти ИМА Барак Обама фармони иҷрои тавсеаи таҳрими Эронро содир кард. Ин таҳримҳоро Конгресс тасвиб намудаву президенти ИМА тобистон имзо карда буд. Ҳадаф аз ин иқдом ҷилавгирӣ аз дастрасии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ мебошад. Эрон исрор меварзад, барномаи ҳастаии Теҳрон сирф мулкӣ аст. Томмӣ Виетор- сухангӯи Шӯрои амнияти миллии ИМА мегӯяд, таҳрими Эрон натиҷаи назаррас овардааст. Моҳи август Конгресс санадеро тасвиб кард, ки бар пояи он ширкатҳо ва афроди алоҳидаи коршарики ҳукумати Эрон, ки дар рушди соҳаи нафту химия ва интиқоли нафти Эрон саҳм мегиранд, мавриди таҳрими бештар қарор хоҳанд гирифт.
XS
SM
MD
LG