Пайвандҳои дастрасӣ

Вазирони НАТО Афғонистонро баррасӣ мекунанд


 Ян Кубиш-фиристодаи хоси СММ дар Афғонистон

Ян Кубиш-фиристодаи хоси СММ дар Афғонистон

Пешбинӣ мешавад, ки имрӯз дар рӯзи дуюм ва ниҳоии нишасти Брусел вазирони мудофиаи паймони НАТО вазъи Афғонистон ва ба хусус чорчӯби барномаи нави тамрини полис ва артиши афғонро, баррасӣ мекунанд. Ин барнома тибқи нақша бояд баъди хуруҷи сарбозони паймон аз Афғонистон дар охири соли 2014-ум шурӯъ шавад.
Соли равон 50 афсару сарбози паймони НАТО дар ҷараёни ба истилоҳ “ҳамлаҳои дохилӣ” аз тарафи сарбозони афғон ва ё афроди либоси низомӣ дар тан кушта шудаанд.
Дар ҳамин ҳол фиристодаи хоси СММ дар Афғонистон Ян Кубиш тахмину овозаҳо дар бораи фурӯпошии ҳукумати афғон баъди хуруҷи нерӯҳои байналмилалиро беасос хонда, иброз дошт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ кумак ба Афғонистонро идома медиҳад.
XS
SM
MD
LG