Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Мексика ҷасади раҳбари гурӯҳи ҷиноӣ рабуда шуд


Дар Мексика силоҳбадастон ҷасади раҳбари гурӯҳи муташаккили қочоқи маводи мухаддирро аз мурдахона рабудаанд. Ҷасади Ҳериберто Лазсано раҳбари гурӯҳи қочоқчии маводи мухаддир бо номи Зетас рӯзи сешанбе дар шимоли Мексика рабуда шуд. Лазсанои маъруф бо лақаби Эл Вердуго рӯзи душанбе ба қатл расида буд. Мақомоти Мексика бар поя пайи ангушт ва дигар нишонаҳо иддао карданд, ки фарди кушташуда Ҳериберто Лазсано мебошад. Лазсано ҳамчун шахси бераҳм ном бароварда, дар куштори садҳо нафар муттаҳам дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG