Пайвандҳои дастрасӣ

Коллегияи муштараки вазоратҳои Тоҷикистону Русия


 Владимир Колоколтсев

Владимир Колоколтсев

Имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон коллегияи муштараки вазоратҳои корҳои дохилии Русияву Тоҷикистон доир гашта, қарордоди таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои фаромарзӣ ба имзо хоҳад расид. Ҳайатҳоро вазирони ду кишвар Владимир Колоколтсев ва Рамазон Раҳимов раҳбарӣ мекунанд. Дар сӯҳбат бо хабаргузории Итар Тасс вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенант Раҳимов гуфтааст, ки ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ тартиботи ду кишвар 14 сол боз ҳамкории созанда раҳандозӣ кардаанд. Ҳайати вазорати корҳои дохилии Русия дирӯз ба Душанбе омада буд. Ба навиштаи хабаргузориҳои Русия пешбинӣ мешавад, ки имрӯз президенти Тоҷикистон Эммалӣ Раҳмон вазири рус Владимир Колоколтсевро ба ҳузур хоҳад пазируфт.
XS
SM
MD
LG