Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ИМА: Гурҷистон “гузариши қобили таваҷҷӯҳ” дорад


 Томас Мелия-ёвари муовини котиби давлатии ИМА

Томас Мелия-ёвари муовини котиби давлатии ИМА

ИМА интихоботи Гурҷистонро “гузариши қобили таваҷҷӯҳ” номида, афзудааст, ки муҳимтар аз интихобот таҳкими масири демократияи ин кишвар аст. Рӯзи сешанбе дар Вашингтон Томас Мелия-ёвари муовини котиби давлатии ИМА, гуфт:
Хеле бештар аз интихобот феълан зарур аст, ки масири демократияи Гурҷистон муттаҳид шавад. Вале ин интихобот ва гузариш, ки ҳоло ҷараён дорад, рӯйдодҳои умедворкунанда дар таърихи Гурҷистон мебошанд.”
Дар интихоботи парламентии якуми октябр эътилофи Орзуи гурҷӣ, ки таҳти сарварии Бидзина Иванишвилӣ қарор дорад, пирӯз шуда, аз 150 курсии парламент 83 кусиро ба ихтиёр даровард. Ҳоло натиҷаи ниҳоии интихобот эълон нашудааст, зеро тафтиши шикоятҳо давом дорад. Президенти Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ ваъда додааст, ки гузариш ором хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG