Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Номзадҳои ҷоизаи Сахаров эълон шуданд


Номзад ба гирифтани ҷоизаи Сахаров Насрин Сутуда ба муддати шаш сол зиндонӣ шудааст

Номзад ба гирифтани ҷоизаи Сахаров Насрин Сутуда ба муддати шаш сол зиндонӣ шудааст

Рӯзи сешанбе парламенти Аврупо довталабҳои асосии ҷоизаи ба номи Андрей Сахаровро эълон кард. Дар ин рӯйхат номҳои фаъоли маҳбуси беларусӣ Алес Бялятский, гурӯҳи ҳунарии Pussy Riot ва ду эронӣ Насрин Сутуда ва Ҷаъфар Паноҳӣ сабт шудаанд.
Ҷоизаи Сахаров ҳамчун нишони қадрдонии муборизаи шахсони алоҳида ва созмонҳо баҳри эҳтироми ҳуқуқи башар ва фикри озод тақдим мешавад.
Дар миёни вакилони парламенти Аврупо номзадии ҳуқуқшиноси маҳбус Насрин Сутуда ва филмсоз Ҷаъфар Паноҳӣ, ки ҳар ду эронӣ ҳастанд, аз пуштибонии зиёд бархӯрдор мебошанд ва коршиносон тахмин мекунанд, ки ҷоиза насиби онҳо хоҳад шуд. Ҷоизаи Сахаров ба 50 ҳазор евро баробар буда, барандаи он рӯзи 26-уми октябр эълон хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG