Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон духтари блогнависро маҷрӯҳ кардаанд


Малола Юсуйфзай аз дасти сарвазири Покистон Юсуф Ризо Гилонӣ ҷоиза мегирад ( соли 2011)
Малола Юсуйфзай аз дасти сарвазири Покистон Юсуф Ризо Гилонӣ ҷоиза мегирад ( соли 2011)
Як духтари покистонӣ, ки бо ёддоштҳояш дар бораи бераҳмии Толибон дар арсаи байналмилалӣ маъруф шудааст, рӯзи гузашта аз силоҳи оташфишон ҷароҳат бардошт. Шахси номаълум мошинеро, ки дар он духтар ҳаракат дошт, тирборон кард.
Хабарнигори покистонӣ Исо Хонхел ба Радиои Машъал гуфт, ки Малола Юсуфзай рӯзи сешанбе ҳангоми бозгашт аз мактаб дар минтақаи Сувот мавриди ҳамла қарор гирифта, маҷрӯҳ шудааст.
Ба қавли номбурда Малола аз сару гардан ва як донишҷӯй-духтари дигар аз дасташ захмӣ шудаанд. Юсуфзай ҳоло дар шифохона мебошад. Толибон масъулияти ҳамла болои Юсуфзайро бар дӯш гирифтаанд.
Тахминан ду сол инҷониб ёддоштҳои Юсуфзай ҳамчун блог дар шабакаи ВВС нашр шуда, ба ин навраси ҷасур чандин ҷоизаи байналмилаливу покистонӣ овардаанд.
XS
SM
MD
LG