Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бисёри мусалмонҳо дӯст медоранд, нокомиву ақибуфтодагии кишварҳои худро ба гардани дигарон бор кунанд.

Худро ба чашми ҳақорат дидану ба пойи Ғарб бастани бори заъфу бечорагии дунёи Ислом як андешаи роиҷ дар байни мусалмонҳост.

Ин андеша ҳатто дар ашъори Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ фаровон вомехӯрад. Мисли ин қитъаи машҳур ки:

Эй зи кори асри ҳозир бехабар!
Чарбдастиҳои Аврупо нигар.
Қолин аз абрешими ту сохтанд,
Боз онро пеши ту андохтанд.


Ё дар ин байти дигараш, ки мегӯяд:

Миллате бар миллати дигар чарад,
Дона ин корад, ҳосил он барад
.

Аммо ин ҳама сӯиэътимод ба Ғарбу мазлуму қурбонии тавтиаҳои беруна нишон додани мусалмонҳо аз куҷо об мехӯрад? Ҳайдар Ҷамол, рӯҳонӣ ва сиёсатмадори маъруфи Русия, мегӯяд, чунин бардошт ба таърихи бархӯрдҳои Ғарбу ҷаҳони ислом бармегардад, ки ба ақидаи ӯ, то имрӯз саршор аз намунаҳои сад(д)гузорӣ ва дахолати қудратҳо дар роҳи пешрафти кишварҳои мусалмонист: "Таъсири Ғарб хеле умда буд, бахусус дар асри 20. Агар дар асри 19 талоше шуда буд, ки салтанати усмониҳоро тавассути ислоҳот ба як ҷомеаи шабеҳи ҷомеаҳои ғарбӣ табдил диҳанд, пас аз шикасти ин салтанат Ғарб ва махсусан Амрико дигар рӯпӯш намекард, ки ҳадафаш мамониат ба пешрафти ҷаҳони Ислом аст. Онҳо, барои мисол, намегузоранд, ки кишварҳои мусалмонӣ ба фанновариҳои муосир даст биёбанд. Инро метавон ҳам дар намунаи Ироқ дид ва имрӯз дар намунаи Эрон."

Ҳайдар Ҷамол

Ҳайдар Ҷамол

Аммо дар зеҳни мусалмонон батадриҷ ин андеша низ роҳ меёбад, ки мазлумнамоӣ аз худу душмантарошӣ аз дигарон охирин қиблаи умеди мардуми заифу бечора аст ва иллати ақибуфтодагии ҷаҳони исломро бояд дар дохилаш ҷуст. Ба ақидаи ин тоифа, ҷаҳони Ислом аз фасоду раҳбарии нодуруст ва гоҳо золимонаи ҳокимони худкомааш ранҷу азияти бештар мекашад, то аз дасти дахолати Ғарб.

Иззатуллоҳи Дарё, устоди донишгоҳи исломии Тоҷикистон, мегӯяд, омилҳои беруна, албатта, вуҷуд доранд ва аз берун ҷустани гунаҳкори нокомиҳои давлат ҳам хоси фақат кишварҳои мусалмонӣ нест. Вале ба ақидаи ӯ, бояд пеш аз ҳама аз худ гила кард: "Мо ҳеҷ касро айбдор набояд кунем. Ҳама чизе, ки ҳаст, аз тақсири худи мусалмонҳост, ки чун кореро натавонистанд, айбро ба дигарон бор мекунанд. Вақте аз дасташ наомад, танбалӣ кард, миллатҳо пеш рафтанду ин монд, манфиатҳояшро, ки нашнохт, ҳатман ягон касро барои худ баҳона мекобад, ки гунаҳкор кунад. Ҳозир давлатҳое ҳам ҳастанд, ки новобаста ба рақобатҳо миллаташонро пеш бурда метавонанд."

Аммо Ҳайдар Ҷамол мегӯяд, низомҳои худкома ва фосид низ дар кишварҳои мусалмонӣ бо кумаки Ғарб ба қудрат расиданд ва дар асл "арӯсак"-ҳоеянд, ки қариб ҳама зери доираи абарқудратҳо мерақсанд: "Онҳо ҳама дастнишондаи Ғарбанд. Кишварҳои Ховари Миёна баъд аз ҷанг танҳо ба шарти таҳти назорат ва тобеъ боқӣ монданашон соҳиби истиқлол шуданд. Ин низомҳо ҳама реша дар Ғарб доштанд. Ин ҳама фасоду лашкарҳои масхарае, ки коре бо Исроил аз дасташон намеомад ва фақат машғули саркӯб кардани гурӯҳҳои мухолифи исломӣ, чун Ихвонулмуслимин буданд, натиҷаи мустақими султаи Ғарб бар ин қаламрав баъд аз суқути усмониҳост."

Силсилаи инқилобҳои ахири "Баҳори Араб" бо эҷоди як шароити комилан дигари сиёсӣ гурӯҳҳои исломиро ба ҳайси як нерӯи билқувва вориди саҳна кард ва дар бархе кишварҳо ҳатто ба қудрат расонд. Донишманди зодаи Миср Тариқ Рамазон мегӯяд, касби қудрат ин нерӯҳоро аз қартаи қаблиашон, ки ҳамин сангандозӣ ба полези Ғарбу ба пойи қудратҳои хориҷӣ бастани тамоми нокомиҳои дунёи Ислом буд, маҳрум мекунад ва онҳо бояд тавонмандиҳои худро дар амал нишон диҳанд, на бо чунин душмантарошӣ аз хориҷиёну мазлумнамоии мусалмонҳо. Исломшиноси тоҷик Иззатуллоҳи Дарё мегӯяд, дунёи Ислом дар камаш 3 садаи аввалаш пешрафти фавқулоддае дошт, ки ҳоло ҳам метавонад аз он ибрат бигирад: "Ҷомеа дар ҳар давру замон афроди бофаросате дорад ва мардуми ом дастнигари онҳост, ки оё чӣ идея медиҳанд? Ибтидои Исломро агар бигирем, Паёмбар ва 4 халифаи рошидин инро тавонистанд. Идеяи нав зоданд, тақво ва тарс аз Худо доштанд, эҳтиёт мекарданд, ки дар маърази хато қарор нагиранд. Аммо баъд бубинед, чӣ шуд? Ҷаҳони ислом дар қайди шайхҳову сӯфиҳову ҳокимони танпарвар ва онҳое уфтод, ки пешрафти Исломро манъ карданд. Муттаассифона, онҳо дигар ақиб монданд аз ин ҳама набардҳову сабқатҳои чӣ илмиву чӣ техникӣ."

Бино ба оморҳо, Иттиҳодияи Аврупо дар 20 соли охир ба Тоҷикистон ним миллиард евро кумак расонда, ёриҳои Амрико ба Душанбе дар ин муддат ҳудуди 1 миллиард доллар баровард мешавад. Бонки ҷаҳонӣ, Сандуқи байналмилалии пул ё Бонки осиёии рушд, ки ғарбситезҳо ин ниҳодҳои молиро ҳам як василаи пиёда сохтани сиёсати Ғарб мешуморанд, низ то имрӯз ба Душанбе садҳо миллион доллар қарзу кумак додаанд. Ба гуфтаи як мусоҳиби мо, ин ҳама кумакҳо бештар аз ҳусни нияти Ғарб дар қиболи Тоҷикистон дарак медиҳанд, то аз кадом "тавтиа" ё мамониаташ ба рушди ин кишвари низ мусалмонӣ.

Ин ҳама ёриҳо кофӣ буд, ки як бистари ҳадди ақали пешрафти Тоҷикистон фароҳам шавад. Албатта, агар дар кишвар раҳбарии дурусттар вуҷуд медошт, агар фасод чунин фарогир намебуд ва боз чандин "агар"-и дигар, ки аксар реша дар дохили худи мо доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG