Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоизаи Нобели соли 2012 дар бахши физикаро Серж Ҳарош аз Фаронса ва Дейвид Вайнланд аз Донишгоҳи Колорадои Амрико соҳиб гардиданд.

Фарҳангистони салтанатии Улуми Шветсия қарор кард, ки барои “кашфи усулҳои беназири андозагирӣ ва дасткории системаҳои квантумӣ” ҷоизаи Нобели соли 2012 дар бахши физикаро ба Серж Ҳарош аз Пажӯҳишгоҳи Фаронса ва Дейвид Вайнланд аз Пажӯҳишгоҳи миллии технологии Донишгоҳи Колорадои Амрико бидиҳад.

Ҳарош ва Вайнланд, ки ҳарду 68-сола ҳастанд, дар як бахши муҳими физика -- оптикаи квантумӣ кор мекунанд, ки таъсири мутақобилаи зарраҳои нур ва моддаро меомӯзад. Ба гуфтаи масъулини Фарҳангистони Салтанатии Улуми Шветсия таҷрибаҳои ҳарду олим дарро барои мушоҳидаи беосеби зарраҳои квантумӣ боз кард.

Донишмандон пеш фикр мекарданд, бе вайрон кардани таркиби зарраҳои квантумӣ мушоҳидаи таркиби онҳо номумкин аст. Кашфиёти Ҳарош ва Вайнланд амалан заминаро барои сохтани соатҳои бисёр дақиқе гузошт, ки мумкин аст, дар оянда меъёри ҳисоби вақтро тағйир диҳанд.

Дигар ҳосили заҳматҳои Серж Ҳарош ва Девид Вайнланд метавонад, компютерҳое бошанд, ки назар ба компютерҳои ҳозира миллионҳо маротиба зудтар меандешанд ва кор мекунанд. Эълони барандагони Ҷоизаҳои Нобел дар соли равон рӯзи душанбе (8-уми октябр) шурӯъ гардид ва аввалин шуда, барандагони ҷоиза дар бахши тибро эълом карданд. Дар соҳаи тиб пажӯҳишгарони ҳуҷайраҳо Ҷон Гардон аз Бритониё ва Шиня Яманака аз Ҷопон сазовори ин ҷоиза эълом шуданд.

Ҷоизаи Нобел дар бахши кимиё рӯзи 10-уми октябр, дар бахши адабиёт рӯзи 11-уми октябр ва дар бахши иқтисод рӯзи 15-уми октябр супурда хоҳад шуд. Номи барандаи Ҷоизаи Сулҳи Нобелро рӯзи 12-уми окятбр эълом мекунанд.

Ин ҷоизаҳои мӯътабарро корхонадори сарватманди Шветсия, Алфред Нобел таъсис дод ва бори аввал ин ҷоиза соли 1901 супурда шуд. Ҷоиза дар бахши иқтисодро соли 1968 таъсис доданд. Имсол Бунёди Нобел бо зикри бӯҳрони молӣ дар ҷаҳон ҳаҷми маблағи ҷоизаро 20 дарсад кам карда, ба 1 миллиону 200 ҳазор доллар расонд.

Ҳамаи ҷоизаҳо рӯзи 10-уми декабр дар рӯзи даргузашти Алфред Нобел ҳадя мешаванд, ки соли 1896 фавтида буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG