Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи Саакашвилӣ дар мавриди гузариши қудрат


Михайил Саакашвилӣ, раиси ҷумҳури Гурҷистон, гуфт, кафолат медиҳад, ки қудрат ба дасти ҳукумати нав дар кишвараш дурусту ором хоҳад гузашт. Ӯ дар ин бора баъд аз нахустин мулоқот бо рақиби худ Бидзина Иванишвилӣ сухан гуфт, ки эътилофи Ормони Гурҷиҳои ӯ дар интихоботи порлумонии Гурҷистон ҳизби Михайил Саакашвилиро шикаст дод. Михайил Саакашвилӣ афзуд: "Ба ҳайси раиси ҷумҳур ва кафили иҷрои Қонуни Асосӣ, ман кафолат медиҳам, ки гузариши қудрат бе нуқсу камбудӣ сурат мегирад, ба шевае, ки ҳеҷ гоҳ дар таърихи Гурҷистон дида нашудааст." Эътилофи Иванишвилӣ дар интихоботи рӯзи якуми октябр 83 курсии порлумон ва ҳамингуна ҳаққи ташкили ҳукуматро ба даст овард. У ки рӯзи душанбе ҳайъати ҳукуматашро муаррифӣ кард, гуфт, мулоқоти онҳо нишон медиҳад, ки гурҷиҳо миллати мутамаддине ҳастанд, ки зиндагии наверо оғоз мекунанд ва ҳамеша ба рақибони худ боэҳтиром муносибат мекунанд.
XS
SM
MD
LG