Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ангела Меркел вориди Юнон шуд


Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, ба хотири гуфтугу бо раҳбарони Юнони дармонда дар мушкилоти молӣ вориди Афина пойтахти ин кишвар шуд. Ба хотири таъмини амният зимни сафари ӯ ва ҷилавгирӣ аз ошӯбҳои эҳтимолӣ мақомоти Юнон бештар аз 7 ҳазор маъмури пулисро ба кӯчаҳо сафарбар кардаанд. Қарор аст, Ангела Меркел зимни сафари 6 соатааш бо Антонис Самарас, нахуствазири Юнон мулоқот кунад. Рӯзи 8 октябр ҳазорон нафар ба нишони эътироз ба сафари хонум Меркел ва сарфаҷӯиҳои ҳукумати Юнон дар Афина эътироз карданд. Аксарияти юнониҳо Ангела Меркелро гунаҳкори сарфаҷуиҳои зиёди ҳукумати Юнон медонанд, ки бояд ба хотири эмин мондани ин кишвар аз варшикастагӣ хароҷоти давлатиро кам кунад ва дар иваз аз созмонҳои байналмилалӣ ва Иттиҳодияи Аврупо кӯмаки молӣ бигирад.
XS
SM
MD
LG