Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нархномаи бахши сохтмон дар кишварҳои ИДМ танзим мешавад


Кишварҳои собиқ Шӯравӣ мехоҳанд, нархномаи соҳаи сохтмонро дар миёни кишварҳои ИДМ танзим кунанд. Низом Мирзоев, раиси Маркази Оҷонсии меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикисон оид ба нархгузорӣ рӯзи сешанбе ба радиои Озодӣ гуфт, ки қарор аст ҳайати Кумисияи оид ба нархгузории Шӯрои байниҳукуматии кишварҳои ИДМ рӯзи чоршанбе дар пойтахти Тоҷикистон ҷамъ оянд ва масъалаи нархгузории соҳаи сохтмонро баррасӣ кунанд. Низом Мирзоев, меафзояд, ки ҳоло масъалаи наргузории соҳаи сохтмон дар Русия, Қазоқистон, Озарбойҷон ё дар Қирғизистону Тоҷикистон пас аз фурӯпошии шӯравӣ тағйир хӯрд ва барои омода кардани тарҳи як сохтмон аз нигоҳи тобоварӣ ба зизила, ҳаҷми сарфу харҷи молии он ва дигар арзишҳо фарқ мекунад. Ҳоло намоянадагони ин комиссия қасд доранд, ки фарқи нархгузорӣ дар ин соҳаро бо роҳҳои мухталиф ба ҳам наздик кунанд то мутахассисони ин кишварҳо тавонанд дар давлатҳои якдигар кору фаъолият кунанд. Аммо мутахассисони соҳаи сохтмон мегӯянд, ки ҳарчанд ин кишварҳо мехоҳанд мизони нархномаи сохтони худро ба ҳам наздик кунанд, вале дар тарҳҳои сохтмонҳои бузурги ин кишварҳо ширкатҳои хориҷӣ ба мисли ширкатҳои туркӣ, чинӣ ва давлатҳои дигар ҳузури муассир доранд. Бино ба итилои Оҷонсии сохтмон ва меъмории Тоҷикистон, нишасти ҳайати Комисия оид ба нархгузории бахши сохтмони Шӯрои байниҳукуматии кишварҳои ИДМ барои ду рӯз аз 10 то 11 октябр дар шаҳри Душанбе сурат хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG