Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул аз Душанбе барои афғонҳо виза мехоҳад


Пул бар фарози дарёи Панҷ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар ноҳияи Ишкошим.
Пул бар фарози дарёи Панҷ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар ноҳияи Ишкошим.

Як ҳайати афғонӣ, ки дар Хоруғ ба сар мебаранд, хостори азсаргирии виза барои шаҳрвандони Афғонистон шудааст.

Шоҳвалиуллоҳи Адиб, волии Бадахшони Афғонистон ва раҳбари ин ҳайат, ки бо манбаи «Озодӣ» дар Хоруғ сӯҳбат мекард, гуфт, бинобар эътидоли вазъ дар Бадахшон, онҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостори аз сар гирифтани виза барои шаҳрвандони афғон шуданд.

Оқои Адиб гуфт: «Ҷанҷоле, ки дар Хоруғ ба вуқӯъ пайваст, таъсири бисёр бад болои вулусволиҳои сарҳадии мо кард, мавод бисёр қимат шуд, рафтуомади мардум қатъ шуд, интиқоли мавод қатъ шуда, марзҳои мо баста шуданд, виза банд шуд барои мардумоне, ки бо вулусволиҳои сарҳадӣ меомаданд аз тариқи Тоҷикистон. Мо ин мавзӯъро бо вазири дифоъ, вазири амният ва шаҳрдори Хоруғ сӯҳбат кардем, феълан Хоруғеро, ки мебинем ба куллӣ оромист, мушкил бисёр ба зудӣ ҳал шуд, дигар мушкиле нест, инҳо визаро аз сар бигиранд, то зимистон пеши рӯ дорем, мардум ба мушкил мувоҷеҳ нашаванд ва рафтуомади қонунӣ сурат бигирад.»

Аммо волии Бадахшон дар робита бо таъхири сафари ҳайати афғонӣ, ки гуфта мешуд, бинобар ҳаводиси Вардуҷ маҷбур шуданд, худро аз тариқи Панҷи поён ба Хоруғ бирасонанд, изҳор дошт, ки ҳайат танҳо бинобар вайронии роҳҳои нақлиётӣ аз Файзобод то Ишкошим, тасмим гирифтааст, ки бо истифода аз масири дигар вориди Хоруғ шавад.

Волии Бадахшони Афғонистон дар ин робита афзуд: «Вазъ дар контроли нерӯҳои амниятии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аст, нерӯҳои амниятии мо амалан вуҷуд доранд. Мо хориҷ аз Вардуҷ дар дигар вулусволиҳо мушкил надорем ва мо кӯшиш мекунем мушкилот ҳам аз тариқи низомӣ ва ҳам гуфтугӯ ҳал шавад.»

Ба гуфтаи оқои Шоҳвалиюллоҳ Адиб, дар гуфтугӯи ҳайатҳои тоҷику афғонӣ ва ҳам мулоқот бо раиси вилоят, масоили истифодаи обҳои марзӣ барои обёрӣ намудани киштзорҳои ду ҷониб, фаъолияти бозорҳои нави марзӣ, ҳамкориҳо дар бахши маориф, тандурустӣ, энергетика баррасӣ гардиданд. Қарор аст волии Бадахшони Афғонистон аз тариқи роҳҳои нақлиётии Бадахшони Тоҷикистон ба маҳалли дурдасти Помироти Афғонистон сафар анҷом дода, бо атбои қирғизи он ҷо мулоқот кунад.

Оқои Адиб дар робита бо як матлаби журналист Даёнӣ, ки гуфт беш аз 20 тан аз духтарони тоҷик аз манотиқи Бадахшони Тоҷикистон бар асари душвориҳои иҷтимоӣ ва хушунат маҷбур шуданд ба шаҳрвандони афғон шавҳар кунанд, аммо дар асл шумораашон аз як ё ду нафар беш нестанд, гуфт: "Ин мушкили тамоми журналистони Афғонистон аст, ки муболиға мекунанд."
XS
SM
MD
LG