Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садама дар ноҳияи Румӣ 5 нафарро кушт


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, дар як садамаи нақлиётӣ дар ҷануби кишвар 5 нафар ҳалок, аз ҷумла як маъмури милиса ҳалок шудаанд. Вазорат имрӯз бо нашри баёнияе гуфт, ҳодиса дар ноҳияи Румӣ дар роҳ шаҳраки Гулистон ба вуқӯъ пайвастааст ва яке аз қурбониёни фалокат Мадина Файзоваи 3-сола будааст. Ба гуфтаи вазорат, ронандаи 23-солаи мошини Камаз Холдор Худойбердиев зимни ҳаракат ба самти муқобили роҳ баромада ва ба мошини сабукрав бармехӯрад, ки дар натиҷа 5 нафар ҳалок ва Мастура Файзова, модари Мадинаи сесола захмӣ мешавад. Дар Тоҷикистон солона бештар аз 600 нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҷон медиҳанд ва садҳо нафари дигар маъюб мешаванд.
XS
SM
MD
LG