Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ЮНИСЕФ Русияро то охири сол тарк мекунад


Давлати Русия аз ЮНИСЕФ, Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал хостааст, то охири сол ба фаъолияташ дар ин кишварро хотима диҳад. Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, бо назардошти “афзоиши имконоти иқтисодӣ ва хайрияааш”, худаш қодир аст, тарҳҳои кӯмакиро амалӣ кунад. Русия соли 2009 аз ЮНИСЕФ хоста буд, ба тадриҷ фаъолияташро дар он кишвар хотима диҳад, вале ин ниҳоди Созмони Милал мехост, иҷрои барномаҳояш идома кунад. Ба гуфтаи коршиносон, поёни барномаҳои ЮНИСЕФ, вазъи бисёре аз кӯдакони мӯҳтоҷи русро бад хоҳад кард. Чанд ҳафта пеш аз ин USAID, Оҷонси Рушди Байналмилалии Иёлоти Муттаҳида бо дархости Маскав Русияро тарк кард. Ба гуфтаи мақомоти Русия ин муассиса гуё дар умури дохилии Русия дахолат мекардааст.
XS
SM
MD
LG