Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти нахустини Саакашвилӣ ва Иванишвилӣ


Михайил Саакашвилӣ, раиси ҷумҳури Гурҷистон ва рақиби ӯ Бидзина Иванишвилӣ, раиси эътилофи Ормони Гурҷиҳо дар шаҳри Тифлис мулоқот мекунанд. Баъди пирӯзии эътилофи Иванишвилӣ дар интихоботи порлумонии Гурҷистон бори аввал аст, ки ҳарду рақиб бо ҳам гуфтӯгу доранд. Дар интихоботи рӯзи якуми октябр эътилофи Ормони Гурҷиҳо аз ҳисоби 150 курсии порлумон 83 курсиро соҳиб шуд. Рӯзи душанбе Бидзина Иванишвилӣ ҳайъати ҳукуматашро муаррифӣ кард. Ӯ ваъда додааст, ки муносиботи бади Гурҷистон бо Русияро беҳтар карда, вале ҳамзамон ҳаракат дар роҳи ҳамоиши бо НАТО ва Иттиҳодияи Аврупоро идома хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG