Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дили Олег Блохин ҷарроҳӣ шуд


Яке аз футболбозони машҳур, соҳиби «Тӯби тилои соли 1975», сармураббии дастаи “Динамо”-и Киев охири ҳафтаи гузашта ҷарроҳӣ шуд ва ҳоло таҳдид ба ҷони ӯ бартараф гаштааст.

5-уми октябр Блохин дар ҳоле ки фишори хунаш баланд шуда буд, ба бемористон интиқол ёфт ва пизишкон дили ӯро ҷарроҳӣ карданд. Ин ҷарроҳӣ дар ҳоле гузашт, ки Блохин ба сактаи қалб наздик буд.

Роҳбари дармонгоҳи «Борис» дар Киев, Михаил Радутский мегӯяд, ҷарроҳӣ бо муваффақият ҷараён ёфта, ҳоло ба Блохин инсулт таҳдид намекунад. Ҷарроҳии дили ӯ бо ширкати пизишкони австриягӣ ба воситаи интернет баргузор шудааст.

Ҳоло маълум нест, кай вай метавонад, ба сари кор баргардад, аммо пизишкон тамошои телевизион, истифода аз телефони ҳамроҳ ва аёдати мухлисонро манъ кардаанд.

Олег Блохин 26-уми сентябр сармураббии дастаи “Динамо”-и Киев шуда, дар ин мақом тренери рус Юрий Семинро иваз кард. Дар ду бозие, ки ӯ ҳамчун сармураббӣ гузаронд, даста пирӯз гашт ва пизишкон мегӯянд, дар ин росто Блохин зери фишори эҳсосот қарор гирифтааст.
Блохин яке аз машҳуртарин футболбозони Шӯравии собиқ беш аз бозигари дигар дар ҳайати дастаи мунтахаби ин кишвар бозӣ карда ва аз ҳама зиёдтар гол задааст. Дар ҳайати дастаи украинӣ вай ҳафт карат қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, панҷ бор барандаи Ҷоми СССР ва ду дафъа барандаи Ҷоми футболи Аврупо шудааст.

Аз соли 1999 ба кори тренерӣ гузашта, солҳои зиёд дастаҳои Юнонро машқ медод. Дар соли 2003 бо даъвати ҳукумати Украина ба ватан баргашт ва сармураббии дастаи мунтахаби кишвараш шуд. Шореҳон ба чаҳорякниҳоии чемпионати ҷаҳон расидани ин дастаро аз хидматҳои Блохин медонанд. Узви раёсати Ҳизби сотсиал-демократи Украина, оилдадор ва соҳиби се духтар аст.
XS
SM
MD
LG