Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юнон мунтазири меҳмони "номаҳбуб"


Дар остонаи боздиди Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, аз Юнон, тадобири амниятӣ дар ин кишварро тақвият бахшидаанд. Аз ҷумла 6 ҳазор маъмури пулисро ба кӯчаҳо сафарбар карда ва дар баъзе аз гӯшаҳои Афина баргузории ҳамоишҳоро мамнӯъ кардаанд, то аз ин роҳ монеъи ошӯбҳои эҳтимолӣ шаванд. Пас аз шӯрӯъи бӯҳрони қарзӣ дар Юнон дар соли 2009 бори аввал аст, ки Ангела Меркел ба Афина сафар мекунад. Дар остонаи сафари ӯ дар рӯзи душанбе ҳазорон нафар дар пойтахти Юнон алайҳи Ангела Меркел ва сарфаюҷӯиҳои ҳукумати кишварашон эътироз карданд. Аксарияти юнониҳо, Ангела Меркелро сабабгори сарфаҷӯиҳои зиёди ҳукумати Юнон медонанд, ки ба хотири эмин мондан аз варшистагӣ ва дар ивази кӯмакҳои молӣ пеша кардааст. Олмон, ки бузургтарин иқтисоди Аврупо бештар аз ҳар кишвари дигар ба Юнон барои эмин мондан аз варшигастагӣ кӯмаки молӣ кардааст. Юнон, ки бояд 130 миллиард еврои дигар кӯмак бигирад, ваъда додааст, хароҷоти буҷаи давлатиро боз ҳам коҳиш медиҳад.
XS
SM
MD
LG