Пайвандҳои дастрасӣ

IMF: "Ҳоли иқтисоди ҷаҳонӣ бадтар мешавад"


Сандуқи Байналмилалии Пул (International Monetary Fund)мегӯяд, назар ба ончӣ ки пешбинӣ мешуд, иқтисоди ҷаҳони соли оянда рушди кундтаре хоҳад дошт. Дар Дурнамои Иқтисоди Ҷаҳонӣ, ки ин муассисаи молӣ нашр кард, омадааст, иқтисоди ҷаҳонӣ соли 2013 танҳо 3.3 дар сад рушд мекунад, на 3.5 дар саде, ки моҳи июл пешбинӣ мешуд. Ба гуфтаи муаллифони ин гузориш, то замоне, ки Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо бемориҳои иқтисодҳояшонро дармон накунанд, рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ҳамчунон суст хоҳад буд. Пешбинӣ шудааст, ки тавлидоти нохолиси миллӣ дар ҳавзаи евро 0.3 дар сад камтар мешавад ва Амрико бинобар афзоиши хароҷоти буҷа ва коҳиши афзоиши молиёт ба “вартаи хатарноки молӣ” рӯ ба рӯ мешавад. Ба гуфтаи муаллифони гузориш, Ҳинду Чин, Русияву Бразилия, ки аз иқтисодҳои зуҳуркунандаи ҷаҳон низ шоҳиди рушди камтари иқтисодӣ хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG