Пайвандҳои дастрасӣ

Куриёи Шимолӣ қудрати мушакҳояшро таъриф кард


Куриёи Шимолӣ эълом кард, ки мушакҳои дурпарвозе дар ихтиёр дорад, ки метавонанд, ба Амрико ҳам бирасанд. Хабаргузории расмии Куриёи Шимолӣ аз қавли Кумиссиёни Миллии Дифоъи ин кишвар навиштааст, ки нерӯҳои роҳбурдии мушакии артиши Куриёи Шимолӣ қодиранд, Куриёи Ҷанубӣ, Ҷопон, нимҷазираи Гуам ва ҳатто хоки Амрикоро ҳадаф бигиранд. Пештар аз ин Куриёи Ҷанубӣ гуфт, ки бо кӯмаки ҳампаймонаш Иёлоти Муттаҳида тавоноии парвози мушакҳояшро то 800 километр кардааст ва акнун метавонад, тамоми гӯшаҳои Куриёи Шимолиро ҳадаф бигирад. Аммо бино ба гузоришҳо, то кунун озмоишҳои мушакҳои дурпарвози Куриёи Шимолӣ бесамар будаанд.
XS
SM
MD
LG