Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳси тундгароӣ ва истирдоди ҷинояткорон дар Душанбе


Владимир Колоколсев, вазири умури дохилии Русия.

Владимир Колоколсев, вазири умури дохилии Русия.

Рӯзҳои 9-10 октябр дар Душанбе ҷаласаи мушовираи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия доир мегардад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки генеарал-лейтенант, Владимир Колоколсев, вазири корҳои дохилии Русия шоми имрӯз, 9-уми октябр дар раъси ҳайати баладпояи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар, вориди Душанбе -пойтахти Тоҷикистон мешавад.

Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо РО, ҳадафи ин ҳайатро ширкат дар ҷаласаи мушовараи вазоратҳои корҳои дохлии Тоҷикистон ва Русия, ки қарор аст рӯзҳои 10 ва 11 сурат бигирад, унвон кард.

Ба иттилои ин манбаъ, нахуст мулоқоти Владимир Колоколсев, вазири корҳои дохилии Русия бо ҳамтои тоҷикаш генерал Рамазон Раҳимов баргузор хоҳад шуд, ки ҳамкориҳои муштараки вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар, аз ҷумла роҳҳои мубориза бо тундгароӣ, ҷилавгирӣ аз амали гурӯҳҳо ва шабакаҳои ҷиноии созмонёфтаи фаромиллӣ ва ғайраро ба баррасӣ хоҳанд гирифт.

Аммо ба таъкиди дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, масъалаи истирдоди ҷинояткорон ва ҷилавгирӣ аз ҷиноятҳои созмонёфтаи гурӯҳҳои тундрав, аз мавзӯи меҳварии ин нишаст дар шаҳри Душанбе хоҳад буд.

Ҷаласаи муштараки мушовараи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия аз соли 1998 инҷониб ҳамасола дар шаҳрҳои Душанбе ва Маскав баргузор мешавад, ки ба таъкиди мақомоти ҳар ду кишвар, дар ҷиҳати густариш ва тақвияти ҳамкориҳои миёни ҳар ду вазорат кӯмаку мусоидат мекунад.
XS
SM
MD
LG