Пайвандҳои дастрасӣ

Аксарият дар шароити феълӣ ронандагиро аз ҷумлаи касбҳои хатарнок донистанд. Далели онҳо садамаи зиёд будааст.

Ин навбат наворбардори "Озодӣ" аз сокинон посухи ин суолро пурсид, ки аз нигоҳи онҳо касби хатарнок кадом аст. Иддае ронандагӣ, бархе ҳам пизишкӣ ва як гурӯҳ муҳандисӣ ё инженериро аз касбҳои хатарнок донистанд.

Аммо яке аз ҳамсӯҳбатон мутмаин аст, ки аз ҳама касби хатарнок муаллимӣ ё омӯзгорист. Ӯ дар шарҳи суханони гуфт, "агар муаллим хонандагонро нодуруст тарбият кунад, аз ҷиҳати равониву ахлоқ, фардо тамоми кишвар дар ботлоқ меғӯтад, ки берун оварданаш сахт хоҳад буд."

Онҳое низ кам набуданд, ки касби додгустарӣ ё судягиро хатарнок медонистанд. Зеро ба бовари ин гурӯҳ, як ҳукми хатои додгустар метавонад ҳаёти чанд одами бегуноҳро бисӯзонад. Аммо дар охир яке аз сокинон гуфт, ҳамаи касбҳо дар навбати худ хатарноканд, агар сарфаҳм наравед...

Хонандаи азиз, аз нигоҳи Шумо, касби хатарнок кадом аст ва чаро? Аввал навори видеоро бубинеду сипас назаратонро дар пайи ин матлаб бинависед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG