Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки Қонуни масъулияти волидайн дар тарбияи фарзанд, то андозае дар ҷомеа таъсири худро гузоштааст.

Марҳабо Ҷабборова, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон дар умури илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, ахиран дар сӯҳбат бо Ояндасоз гуфт, агарчӣ на ҳама сохторҳои масъул дар иҷрои банду фаслҳои қонуни масъулияти волидайн фаъоланд, вале қонуни мазкур тавонистааст то ҷое масъулияти падару модарро бештар кунад.

Онҳо аз бими ҷаримаҳои калон ва ҷавобгарии ҷиноӣ кӯшиш мекунанд, то ҳадди имкон дар риояи амрҳои ин қонун фаъолтар бошанд: «Робитаи падару модар бо мактаб наздик шуд. Миқдори ҷиноятҳову қонуншиканиҳои наврасон ҳам кам шуд. Аз натиҷаи вохӯриҳоямон, ки бо наврасону волидон доштем, хулоса кардам, аллакай он мушкилоте, ки дар масъалаи таълими наврасон ҷой дошт, ҳоло ин Марҳабо Ҷабборова ба ин назар аст, ки ин қонун тавонист то андозае масъулияти падару модарро бештар кунад.

Марҳабо Ҷабборова ба ин назар аст, ки ин қонун тавонист то андозае масъулияти падару модарро бештар кунад.

мушкилот нест. Масалан, падару модарҳо қаблан бештар таваҷҷӯҳ ба писарон мекарданду таҳсили духтарро зарур намедонистанд, аммо ҳоло баръакс тарафдори таҳсили духтаронанд. »

Ба қавли хонум Ҷабборова, барои ҷилавгирӣ аз афзоиши кӯдакони оворагарду беҳудагард, дар пайи қонуни масъули волидон вазорати маорифи Тоҷикистон қароре қабул кард, ки тибқи он дар баробари дарсҳои маъмулӣ, хонандагон дар мактабҳо ба дарсҳои иловагӣ фаро гирифта мешаванд ва ба ин шакл бештари вақти онҳо на дар кӯчаву бозорҳо, балки дар мактаб аз пайи омӯзиш сарф мешавад.

Баҳодур Саидов, як корманди вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, дар пайи рейдҳое, ки дар асоси қонуни мазкур онҳо дар кӯчаву бозорҳои шаҳр мегузаронанд, мушоҳида мешавад, ки имрӯз шумори кӯдакони коргару оворагард назар ба солҳои пеш коҳиш ёфтааст: «Шабона ва рӯзона дар кӯчаву бозорҳо рейд мегузаронем. Имрӯз хеле кӯдакони оворагард кам шудаанд. Пештар зиёд буданд кӯдаконе, ки дар соатҳои дарсӣ дар бозорҳо талбандагӣ мекарданд, испанд дуд мекарданд, ҳозир ҳамин ками кам ба назар мерасад.»

Бояд гуфт, қонун дар бораи масъулияти падару модар баъди баҳсу баррасӣ ва интиқоди зиёд моҳи июли соли гузашта ба тасвиб расид. Масъулон ин қонунро барои парвариш ва камолоти як инсони дорои заковат ва донишҳои олӣ муҳим арзёбӣ мекунанд, аммо аксар коршиносон ва андешамандони тоҷик таҳия ва қабули чунин қонунро, нодуруст медонанд. Ҳумайрои Бахтиёр, рӯзноманигори Ҳумайрои Бахтиёр, рӯзноманигори тоҷик

Ҳумайрои Бахтиёр, рӯзноманигори тоҷик

авони тоҷик, бо ишора ба афзоиши ҷинояту ҷинояткорӣ дар миёни ноболиғон мегӯяд, бо гузашти як сол, аз қабули қонун амалан, дар одобу ахлоқ ва рафтори наврасон ягон тағйире ба назар намерасад:

«Бештар аз 80 дарсади волидон аз пайи дарёфти ризқу рӯзӣ ҳастанд ва бо вуҷуди хоҳиш доштан наметавонанд вақти зиёде барои фарзандон ҷудо кунанд. Ва ин, ки имрӯз ҳукумат масъулиятро бештар бар дӯши волидон гузошт, баръакс вазъи кӯдаконро аз буда, бадтар кард. Ҳеҷ тағйирот нест, ҷинояткорӣ ҳамоно бештар аз сӯйи ноболиғону ҷавонон сар мезананд ва ҳамоно ноболиғон дар бозор ба кори сиёҳ машғуланд. Бо қабули як қонун мо наметавонем дар ҳаёти кӯдакону наврасон беҳбудӣ бахшем.»

Дар ҳамин ҳол вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов ҳам дар дидор бо донишҷӯёни тоҷик чанде пеш аз афзоиши ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону наврасон изҳори нигаронӣ карда гуфта буд, танҳо дар чанд моҳи соли ҷорӣ аз сӯи ҷавонон беш аз 1 ҳазору 200 ҷиноят содир шудааст, ки аз ин ҳисоб 12 ҳодисаашро куштор ташкил медиҳад

Масъулони мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ маъруф бо номи «Спетсшкола» низ бо нигаронӣ изҳор доштанд, ки пас аз қабули ин қонун шумори кӯдакон дар муассисаҳои махсуси ислоҳӣ як баробар бештар шуд. Ба гуфтаи онҳо, волидон барои гурез аз ҷавобгарӣ фарзандони худро ба тарбияи чунин мактабҳо супурда бори масъулиятро аз шонаҳои худ холӣ мекунанд.

Дар воқеъ қонуни масъулияти падару модар, ки барои кӯдакон маҳдудиятҳоро муайян крадааст, боиси тарсу ҳароси аксар волидон, ба вижа хонаводаҳои камбизоат гаштааст. Фирӯза, модари 4 фарзанд мегӯяд ӯ ҳар рӯз ба фарзандонаш таъкид мекунад, ки дар рафтору гуфтори худ эҳтиёткор бошанд: «Метарсам, ҳар рӯз ба писарам, ки дар шаҳр мехонад, занг мезанам. Таъкид мекунам, ки аз дарс рост ба хона ояд.»

Аммо Марҳабо Ҷабборова, вакили парлумони кишар бовар дорад, ки зина ба зина қонуни масъулияти падару модар ба ҳадаф мерасад ва метавонад натиҷаҳое хубе ба даст ораду амалан дар тағйири одобу рафтори наврасон мусоидат кунад. Бояд гуфт дар пайи ин қонун танҳо дар ноҳияи Шоҳмансури Душанбе ҳудуди 60 падару модар ба муҷозоти маъмурӣ кашида шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG