Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Венесуэларо бо пирӯзӣ табрик карданд


 Президенти Венесуэла Ҳуго Чавез
Президенти Венесуэла Ҳуго Чавез
Кишварҳои олам президенти Венесуэла Ҳуго Чавезро бо пирӯзӣ дар интихоботи ин кишвар ва боз як даври шашсолаи раёсатҷумҳурӣ табрик кардаанд. Қасри Сафед эътироф кардааст, ки бо президенти сотсиалисти Венесуэла Ҳуго Чавез ихтилоф дорад, вале, дар айни замон, ИМА мардуми Венесуэларо бо ин интихобот, ки дар он 80 дар сади раъйдиҳандагон ба таври орому осоишта иштирок доштанд, табрик кардааст. Президенти Русия Владимр Путин ҳам дар як сӯҳбати телефонӣ Чавезро бо пирӯзӣ табрик кардааст. Чавез, ки аз муттафиқони Русия, Беларус ва Эрон ба шумор меравад, дар интихоботи рӯзи якшанбе бо тахминан 55 дар сади овозҳо пирӯз шуд.
XS
SM
MD
LG