Пайвандҳои дастрасӣ

Варзишгари бебок аз Австрия саъй хоҳад кард, аз баландии 37 километр худро ба замин ҳаво диҳад. Феликс Баумгартнери 43-сола имрӯз дар баландии 37 километр дар болои аёлати Ню Мексикои ИМА аз як ҷиҳози ҳавоӣ худро берун мекунад. Агар ҷаҳиши ӯ бидуни мушкилӣ сурат гирад, ӯ имкон хоҳад дошт, аввалин инсоне шавад, ки бар иловаи рекорди ҷаҳиш бо парашют, суръати садоро убур намояд. Баумгартнер бар зидди сардӣ ва фишори ҳаво либоси махсус хоҳад пӯшид. Ҷаҳиши ӯро ширкати истеҳсолкунандаи нӯшокӣ бо номи Ред Бул (Red Bull)сармоягузорӣ кардааст. Феълан баландтарин парвози инсонро аз баландии 31 километр будааст, ки ин рекордро дар соли 1960 афсари амрикоӣ Ҷо Киттингер гузоштааст.
XS
SM
MD
LG