Пайвандҳои дастрасӣ

Президенти Миср ошӯбгарони маҳбусро афв кард


 Президенти Миср Муҳаммад Мурсӣ

Президенти Миср Муҳаммад Мурсӣ

Президенти Миср Муҳаммад Мурсӣ афродеро, ки дар иртибот бо эътирозҳои зидди президенти собиқ Ҳуснӣ Муборак ва ҳукумати муваққати низомиён боздошт ва ҳабс шуда буданд, афв кардааст. Дар қарори афв,ки рӯзи душанбе имзо шудааст, шахсони муттаҳам дар куштори мардум шомил нестанд. Шумораи мардуми афвшуда ҳам маълум нашудааст. Дар қарори афв онҳое шомил мебошанд, ки аз моҳи январи соли 2011-ум то моҳи июни соли 2012-ум, яъне замони оғози инқилоб то савгандёдкунии Мурсӣ боздошту ҳабс шудаанд. Фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, дар рӯзҳои ахири ҳукмронии президенти собиқи Миср Ҳуснӣ Муборак ҳазорҳо нафар ҳабс шудаанд, ки аслан бояд ҳамчун “маҳбуси сиёсӣ” арзёбӣ шаванд.
XS
SM
MD
LG