Пайвандҳои дастрасӣ

Ромнӣ: Сиёсати хориҷии ИМА бояд тағйир ёбад!


Митт Ромнӣ дар Институти низомии аёлати Вирҷиния

Митт Ромнӣ дар Институти низомии аёлати Вирҷиния

Рӯзи душанбе ҳангоми суханронӣ дар Институти низомии аёлати Вирҷиния , воқеъ дар шаҳри Лексингтон, довталаби курсии президенти ИМА Митт Ромнӣ изҳор намуд, ки Вашингтон бояд сиёсаташ дар Ховари Миёнаро тағйир диҳад. Ромнии ҷумҳурихоҳ ваъда дод, ки дар сурати пирӯзӣ коҳиши хароҷоти низомиро, ки аз тарафи президент Обама амалӣ мешавад, мавриди бознигарӣ қарор хоҳад дод:
Ман ҳамкориҳои ҷиддӣ бо коршариконамон дар минтақаи Халиҷро амиқтар мекунам ва сиёсати президент Обама дар масъалаи коҳиши амиқу бемаънии низоми мудофиаи миллиамонро бознигарӣ мекунам, зеро он низомиёни моро тороҷ мекунад.”
Ромнӣ изҳор намуд, ки агар ӯ президенти ИМА интихоб шавад, таҳрими Эронро тавсеа бахшида, имкон нахоҳад дод, ки ҷумҳурии исломӣ ба силоҳи ҳастаӣ дастрасӣ пайдо кунад.
XS
SM
MD
LG