Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия таваҷҷӯҳи оламро ба Сурия ҷалб кард


Президенти Туркия Абдулло Гул ( аз рост) ва Сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ( аз чап)
Президенти Туркия Абдулло Гул ( аз рост) ва Сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ( аз чап)
Рӯзи душанбе президенти Туркия Абдулло Гул аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки дар мавриди Сурия даст ба амал занад. Ба қавли президенти Туркия ин кишвар ҳамоно тамоми иқдомҳои зарурӣ ба хотири дифоъ аз қаламравашро пиёда хоҳад кард. Аммо ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд хунрезӣ дар Сурияро мутаваққиф намояд:
Мо интизор надорем, ки вазъи Сурия ҳамин хел идома ёбад. Рӯзе ҳатман тағйир ба амал меояд, вале умеди мо ин аст, ки он рӯз пеш аз тахриби комили Сурия ба амал ояду хунрезӣ мутаваққиф гардад. Мо орзу дорем, ки ҷомеаи ҷайналмилалӣ бо кифояти бештар фаъол бошад.”
Изҳороти Гул замоне пахш шуд, ки дар ҷавоб ба партоби гулӯла аз хоки Сурия низомиёни Туркия қаламрави Сурияро мавриди оташ қарор доданд. Табодули оташ дар марзи Сурияву туркия шаш рӯз инҷониб идома дорад.
XS
SM
MD
LG