Пайвандҳои дастрасӣ

Ифтитоҳи бунёди доимии ёриҳои молии минтақаи евро


Минтақаи евро имрӯз бунёди доимии кумакҳои молиашро боз кард. То соли 2014 тавони молии Механизми суботи Аврупо бояд ба 500 миллиард евро бирасад. Ин сандуқ ҷойгузини Бунёди суботи молии Аврупо хоҳад шуд. Ин бунёд алакай ба Юнону Португалия ва Ирландия 190 миллиард евро қарз додааст. Аммо нигарониҳое вуҷуд дорад, ки 500 миллиард евро шояд барои ҳифзи минтақаи евро, ки феълан 17 кишварро фаро мегирад, кофӣ набошад.
XS
SM
MD
LG