Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гул хостори иқдоми ҷаҳон дар қиболи Сурия шуд


Раисиҷумҳури Туркия Абдуллоҳ Гул гуфт, талотуми ҳодисот дар Сурия шакли бадтарин гирифтааст ва ҷомиаи байналмилалӣ бояд иқдом кунад. Гул ба хабарнигорон дар Анкара гуфт, Туркия барои ҳифозати марзҳояш ҳамчунон тамоми корро хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки низомиҳои Туркия, бино ба хабарҳо, имрӯз ҳам дар посух ба ҳамлаи снаряд аз Сурия ҳамлаи ҷавобӣ анҷом додаанд. Ҳамлаҳои ҷавобии Туркия зидди Сурия 6 рӯз боз идома дорад. Туркия дар рӯзҳои охир нирӯҳояш дар 900 километр тӯли марзаш бо Сурияро тақвият додааст.
XS
SM
MD
LG