Пайвандҳои дастрасӣ

Парлумони Туркия чанде пеш ба ҳукумати ин кишвар иҷоза дод, ки дар сурати зарурат дар хориҷ аз марзҳои ин кишвар амалиёти низомӣ анҷом диҳад.

Бо гузашти тақрибан як ҳафта аз қарори порлумони Туркия дар бораи анҷоми амалиётҳои низомӣ дар хориҷ аз қаламрави ин кишвар, табодули оташи тӯпхона миёни нерӯҳои Сурия ва Туркия дар марзи байни ду кишвар авҷ гирифтааст. Аммо бо вуҷуди шиддат гирифтани ингуна ҳамлаҳо, ба гуфтаи таҳлилгарон, ғолибан Туркия ба ҷанг бо Сурия барнамехезад.

Синон Улген, мудири Маркази Пажӯҳишҳои Иқтисодӣ ва Сиёсатгузорӣ дар Туркия, мегӯяд, қарори ҳукумати кишвараш танҳо ба хотири кашидани ҷилави Сурия аст, ки ин амалҳояшро бас кунад: «Ҳукумати Туркия мехоҳад, пеши роҳи таҷовузи Сурияро бигирад, аз ин рӯ чунин иқдомотро пеша кардааст. Агар ин ҳама натиҷа диҳад ва Сурия паёмро бигирад, умед аст, ки оташи муноқиша ва танишҳо фуру менишинад.”

Ба гуфтаи Синон Улген, иҷозаи порлумони Туркия барои фиристодани нерӯҳо ба Сурия, замина барои оғози ҷанг бо Димишқ аст, ки Сурия наметавонад, онро Парлумони Туркия ҳафтаи гузашта ба ҳукумати ин кишвар иҷоза дод, дар сурати зарурат дар хориҷ аз марзҳои ин кишвар амалиёти низомӣ анҷом диҳад.

Парлумони Туркия ҳафтаи гузашта ба ҳукумати ин кишвар иҷоза дод, дар сурати зарурат дар хориҷ аз марзҳои ин кишвар амалиёти низомӣ анҷом диҳад.

одида бигирад. Дигар ин ки Туркия пайваста хостааст, ба хотири поён додан ба хунрезӣ, раиси ҷумҳури Сурия Башшор Асад истеъфо диҳад ва ё ҷомеи байналмилал ӯро ба ин кор маҷбур кунад. Ба гуфтаи таҳлилгарон, Туркия барои ин талабҳо асос дорад, зеро ба сели муҳоҷирон аз Сурия рӯ ба рӯ шудааст, ки дар ниҳоят метавонанд, сабаби бесуботӣ дар Туркия шаванд. Танҳо дар урдугоҳҳои паноҳандагон дар имтидоди марзи Туркия бештар аз 93 ҳазор нафар паноҳ ёфтаанд ва бино ба гузоришҳо, Туркия 50 ҳазор паноҳандаи дигарро дар берун аз урдугоҳҳо мизбонӣ мекунад.

Дигар нигаронии Туркия аз он аст, ки муноқиша дар Сурия, сабаби фаъолтар шудани ҷудоихоҳони курде мешавад, ки ба зидди ҳукумати Туркия меҷанганд. Бесир Оталай, муовини нахуствазири Туркия, чанде пеш ҳукумати Сурияро муттаҳам кард, ки ба ҷудоихоҳони Ҳизби Коргарии Курдистон кӯмаки мустақим мекунад. Туркия Ҳизби Коргарии Курдистонро созмони террористӣ медонад ва гуфтааст, ки танҳо дар зарфи чаҳор ҳафта 500 ҷудоихоҳи курдро хунсо кардааст. Бо назардошти ин омилҳо агар Туркия ҳам бихоҳад танҳо ба ҷанги Сурия ҷанг кунад, айни замон бо назардошти афкори умум дар Туркия чунин азме надорад: «Аксарияти аҳолии Туркия сиёсатҳои ҳукумат нисбат ба Сурияро беш аз ҳад пархошҷӯёна медонанд ва ба эътиқоди аксарияти мардум, ончӣ ки дар Сурия сурат мегирад, масъалаи худи суриягиҳост ва ҷомеаи байналмилал набояд ба он дахолат кунад.”

Аз ин рӯ ҳукумати Туркия дар он андеша аст, ки дар сурати зарурат барои мудохила ба умури Сурия ба эътилофи васеъи байналмилалӣ бипайвандад. Туркия яке аз аъзои фаъоли Гурӯҳи Дӯстони Сурия аст, ки кишварҳои узви он хоҳони фишори ҳарчӣ бештар ба Башшор Асад ҳастанд, то аз мақомаш биравад. уркия борҳо хостааст, дар қаламрави Сурия минтақаҳои амн барои паноҳҷӯён таъсис дода шавад ва чанд дафъа баъд аз муноқиша бо Сурия ҷаласаи изтирории НАТО-ро даъват кардааст.

Руҷӯъи Туркия ба НАТО-ро як талоше барои ҷалби ин паймон ба мудохила дар Сурия медоданд, зеро бар асоси маншури НАТО, дар сурати ҳамла ба як кишвари узв, тамоми паймон бояд ба он кишвар кӯмак кунанд. Аммо дар сурати дархости Туркия ҳам, НАТО фавран даст ба амал нахоҳад шуд. Барбара Занчетта, аз Маркази Пажӯҳишҳои Амниятӣ дар шаҳри Женева Швейтсария дар ин бора мегӯяд: “Ин кор худ ба худ сурат намегирад. Қарори кӯмак ба кишвари мавриди ҳамла қарор гирифтаро, Шӯрои НАТО қабул мекунад. Барои ин раъйи тамоми аъзои паймон зарур мешавад.”

Аммо айни замон на Туркия ва на аъзои НАТО омодаи рафтан ба ҷанг бо Сурия нестанд, ки баёнияи чанде пеши НАТО дар бораи ҳамлаҳо аз Сурияро як аломате аз ин мавзеъгирӣ медонанд. Ҳафтаи гузашта баъди ҳамлаҳои тӯпхонаӣ аз Сурия ба Туркия, НАТО гуфт, “Ҳамчунон дар канори Туркия хоҳад истод ва талаб дорад, то амалҳои таҷовузгарона алайҳи як узви паймон билофосила бас карда шавад.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG