Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти тоҷик бовар доранд, лағви боҷи гумрукӣ шиддатро дар бозори маводи сӯхти Тоҷикистон аз байн хоҳад бурд.

Бек Аҳмадов, сардори Идораи фаровардаҳои нафтии Вазорати энергетика ва саноат, гуфт, ӯ мутмаин аст, созишнома дар бораи лағви боҷи гумрукӣ барои маводи сӯхти воридотӣ аз Русия то аввали моҳи ноябр ба имзо хоҳад расид.

"Мо чи пешниҳоде, ки кардем, дар Меморандум ҳамааш гузашт. Барои он ки он дар якҷоягӣ тайёр карда шуда буд. Меморандумро тоҷикҳо пешниҳод накарданд, онро русҳо пешниҳод кардаанд. Вале мо дар якҷоягӣ нишаста ҳар ҳарфро дида, ба сари як мақсад омадем. Дар банди сеи меморандум навишта шудааст, дар ҳолате, ки то якуми ноябри соли ҷорӣ созишнома ба имзо расид, дар он сурат боҷи гумрукӣ гирифта мешавад. Инҷо ҳафт намуди маҳсулот аст ва ҳар маҳсулот боҷи гумрукии худро дорад",- афзуд мусоҳиби мо.

Сардори Идораи фаровардаҳои нафтии Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон гуфт, нархи маҳсулоти нафтии Русия ва то чи ҳад поин ёфтани он барои Тоҷикистонро онҳо таъйин нахоҳанд кард. Вале вай гуфт, мусаллам аст, бо лағви боҷи гумрукӣ ба маводи сӯхт нарху наво дар тамоми бозорҳои кишвар тағйир меёбад.

Иттифоқан яке аз мушкилоте, ки миёни Тоҷикистону Русия дар ин авохир ба вуҷуд омад, ҷорӣ кардани боҷи гумрукӣ барои тавлидоти нафтии ин кишвар буд, ки таъсири манфии онро чӣ мардуми одӣ ва чӣ ҳукумат зуд ва амиқ эҳсос кард. Зеро ба якборагӣ нарх дар бозорҳои кишвар ба таври қобили мулоҳиза боло рафта, амнияти ғизоии кишварро таҳти суол қарор дод. Аз он ки бозори маводи сӯхти Тоҷикистон асосан зери нуфузи Русия қарор дорад, Маскав аз он ба унвони яке аз фишангҳои сиёсӣ истифода кардааст.

Тоҷикистону Русия шаш санади нави ҳамкорӣ имзо карданд

Тоҷикистону Русия шаш санади нави ҳамкорӣ имзо карданд

Ҳоло нигаронии ҷомеаи Тоҷикистон ҳам дар он аст, ки дар ин маврид танҳо ёддошти тафоҳум ба имзо расид, ки он ҳанӯз ҳуҷҷати расмӣ ба шумор намеравад ва гузашта аз ин, имкон дорад назарҳо иваз шавад, чун Русия дар соли 2004 низ ваъдаи сармояи беш аз 2- миллиарддолларӣ ба Тоҷикистонро дода, аммо вафо накарда буд. Дар ин миён Русия тавонист, Созишнома дар бораи тамдиди мӯҳлати ҳузури пойгоҳи 201-и худ дар қаламрави Тоҷикистонро ба имзо расонида, дар иваз кадом маблағеро ҳам ба Тоҷикистон надиҳад.

Ин дар ҳолест, ки на як бору ду бор аз забони масъулини давлати Тоҷикистон ин ҳарфҳо, ки "замини Тоҷикистон моли падарии касе нест ва ройгон дода нахоҳад шуд", садо дода буд. Ба бовари коршиносон, иллати арзон ва бидуни кадом ҳаққи муносиб гузашт кардани ҷониби Тоҷикистон интихоботи президентии соли ояндаи Тоҷикистон ва ҳосил кардани пуштибонии Русия аст, ки барои ҳукумати феълӣ аз ҳар чизе дигар муҳимтар ба назар мерасад. Аз ин ҷост, ки ҳатто коҳиши боҷи гумрукӣ ба фаровардаҳои нафтии Русия, ки онро низ Маскав барои Тоҷикистон дар ҳамин ду-се соли пеш ҷорӣ карда буд, дар чаҳорчӯби қарордоди расмӣ тасдиқ нашуд.

Масъулони ширкатҳои воридкунандаи маводи нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон моил нестанд, дар робита ба лағви боҷи гумрукӣ сӯҳбат кунанд. Як масъули ширкати "Газпром" дар Тоҷикистон, ки воридоти асосии фаровардаҳои нафтии Русия ба Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад, гуфт, ӯ мутмаин нест, то поёни соли ҷорӣ нархи мавҷудаи маводи сӯхт иваз шавад. Зеро афзуд ӯ, ҳоло кадом асноди расмӣ дар ин замина мавҷуд нест ва аз инҷо наметавонад бигӯяд, ки то чи ҳад баҳои он коҳиш меёбад.

Аммо Далер Шукуров, як масъули ширкати "Фароз", яке дигар аз воридкунандаҳои маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон гуфт, бо лағви боҷи гумрукӣ то сӣ дарсад (фоиз) нархи маводи сӯхт дар кишвар арзон хоҳад шуд: "Гуфтаниям, мумкин аст, дар ҳудуди сӣ фоиз сабукӣ шавад. Вале дар нархгузорӣ боз омилҳои дигар низ ҳастанд, ки таъсир мегузоранд. Ба ғайр аз боҷи гумрукӣ, чизи асосӣ ҳаст, ки он арзиши аслии маҳсулоти нафтӣ мебошад, ки вобаста ба нархи ҷаҳонӣ муқаррар мешавад."

Ба ин тартиб, назару андешаҳо дар мавриди мулоқоти роҳбарони Тоҷикистону Русия дар ҷомеаи Тоҷикистон мухталиф аст. Мардуми одӣ таҳти таъсири таблиғи расонаҳои расмӣ аз поин рафтани баҳои маводи сӯхт ва ҳамчунин бархе аз имтиёзҳо барои муҳоҷирони корӣ хушбин ва хушҳол ҳастанд, аммо онҳое, ки маълумоти бештар доранд, аз он нигаронанд, ки масъулини давлат то чӣ ҳад метавонанд ин ҳамаро дар асноди расмӣ тасдиқ кунанд. Ба гуфтаи огоҳони умур, Тоҷикистон қабл аз он, ки Созишномаи пойгоҳи 201-ро дар парлумон тасдиқ кунад, бояд ин аснодро мақоми ҳуқуқӣ бахшад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG