Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон ба Иттиҳоди гумрукӣ хоҳад пайваст


Абдилдаев ва Лавров
Абдилдаев ва Лавров
Вазири хориҷаи Қирғизистон Эрлан Абдилдаев дар пайи мулоқот бо ҳамтои русаш Сергей Лавров дар Маскав гуфт, кишвараш тасмим гирифтааст, ба Иттиҳоди гумрукӣ пайвандад. Иттиҳоди гумрукӣ як сол пеш таъсис ёфта, феълан Русияву Беларус ва Қазоқистонро муттаҳид мекунад. Русия мехоҳад дар заминаи ин созмон ба гунаи Иттиҳодияи Аврупо Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиёро таъсис диҳад. Пайвастани Қирғизистон ба Иттиҳоди гумрукӣ роҳро барои узвияти Тоҷикистон низ боз хоҳад кард, чунки то ҳол як мониаи умда барои Душанбе набуди марзи муштарак бо яке аз аъзои он буд.
XS
SM
MD
LG