Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯи зимистон ва "бӯҳрон"-и таппак дар минтақаи Кӯлоб


Фурӯши таппак, навъи маъмулии маводи сӯхт барои гармидиҳӣ дар деҳоти минтақаи Кӯлоб, муваққатан қатъ шудааст.

Сабаби худдории фурӯшандагон, нархгузории арзони таппак аз ҷониби харидорон дар ин минтақа будааст.

Сабоҳат, як зани кӯҳистонӣ мегӯяд, ҳоло харидорони ин навъи маводи сӯхт бештар шудаанд, аммо меҳнати онҳоро қадр намекунанд ва бо нархи арзон мехоҳанд, таппакҳоро харидорӣ намоянд. Ҳоло як дона таппак аз 20 то 40 дирам нарх дорад, вале сокинони деҳот намехоҳанд, бо ин қимат маҳсулоташонро бифурӯшанд.

Сабоҳат ин зани кӯҳистонӣ дар як тамоси телефонӣ гуфт: «Тобистони дароз таппак мехушконӣ, инҳо мехоҳанд, онро арзон бихаранд. Барои ҳамин ҳоло намефурӯшем ва каме хунуктар шуд, бо нархи қимат мефурӯшем. Бензин қимат мешудааст, ангишт қимат мешудааст, чаро таппак қимат нашавад?».

Харидории таппаку ҳезум дар ҳоле афзоиш ёфтааст, ки бо эълони маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқ, сокинон эҳсоси сардӣ мекунанд. Ба назар мерасад, ки сокинон зимистони сарду пурмушкили соли гузаштаро фаромӯш накардаанд ва ҳоло барои зимистони имсол омодагии ҷиддӣ мебинанд.

Алихон Шарипов, як сокини шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ҳоло ҳезуму таппак харидорӣ кардааст ва бо ин қаноат накарда, дарахтони рӯи ҳавлиашро барои хушкондан мебурад: «Бовар кунед, он зимистон сахт азоб кашидем. Ба Худо каме пасандозе, ки ҳаст, ҳезуму ангишту таппак харидем. Бовар накунед, биёед ҳозир ҳатто тутҳои рӯи ҳавлиамро бурида ҳезум мекунам. Ин зимистон ҳам сахт меояд, бояд омода шуд».

Бо эълони маҳдудияти барқ онҳое бештар нигаронанд, ки имкони захираи сӯзишвориро надоранд. Оишамоҳ, як сокини деҳоти атрофи шаҳри Кӯлоб мегӯяд: «Як дарза ҳезум чор панҷ сомонӣ ҳаст. Чор кӯдаки сағера дорам. Бо мушкил рӯзи онҳоро мегузаронам. Мактабхон ҳастанд. Барқ бошад, саҳар чой омода карда ба мактаб равонашон мекунӣ. Дар бебарқӣ дигар сарро дар сад дар мезанӣ. Азоб аст».

Ташвиши сокинон дар ҳолест, ки расман аз ҷониби ширкати «Барқи тоҷик» маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқ эълон шудааст. Дар як муроҷиати расмӣ масъулини шабакаҳои барқии минтақаи Кӯлоб гуфтанд, ҳоло дар навоҳии минтақа шаш соат барқ субҳ ва шаш соат бегоҳ дода мешавад. Онҳо мегӯянд, ба сокинони навоҳии минтақаи Кӯлоб дар як шабонарӯз 12 соат барқ дода мешавад ва ин меъёр шояд тағийр биёбад.

-Бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ мо мехоҳем оби обанбори Норакро барои зимистон захира кунем. Ҳоло ба ҳар ҳол, ҳаво гармтар аст ва аз ин рӯ
маҳдудият ҷорӣ шудааст. Бо ин вуҷуд, барқи марказҳои навоҳӣ хомӯш намешавад. Меъёр тағийрёбанда ҳаст ва шояд боз тағийр ёбад,-ба муроҷиати мо посух доданд, аз Идораи шабакаҳои барқии минтақаи Кӯлоб.

Масъулини ин идора инчунин мегӯянд, сокинон дар ҳоле аз бебарқӣ шикоят мекунанд, ки беш аз 13 миллион сомонӣ маблағи истифодаи нерӯи барқро пардохт накардаанд. Зимнан, додситонии ноҳияи Мӯъминобод барои сари вақт ҷамъоварӣ накардани беш аз як миллион сомонӣ маблағи барқ, сардори шабакаҳои барқии ин ноҳия ва хазинадори онро ҷарима бастааст.

Бад ин хотир масъулини Идораҳои шабакаҳои барқӣ ба сокинон ҳушдор медиҳанд, ки дар сурати напардохтани маблағи истифодаи нерӯи барқ, ҳатто интиқоли маҳдуди барқро низ ба хонаҳояшонро қатъ мекунанд. Аммо дар ин миён сокинон бар ин назаранд, ки дар чунин шароит эҳтимол нархи як донаи таппак то як сомонӣ боло биравад.
XS
SM
MD
LG