Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусовии "Парвоз"-у “Равшан” ва “Вахш” бо “Истаравшан”


Бегоҳи душанбе, 8-уми октябр ду бозии аввали даври 19-уми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон поён ёфт.

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар меҳмонӣ бозиро бо тими “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дод. Ду голи “Равшан”-ро Соломон Течи ва Девид Мауто, легионерҳои африқоии даста, дар нимаи аввали бозӣ ба ҳадаф расонданд. Мизбонон – Ҷаҳонгир Алиев ва Давронҷон Тухтасунов дар нимаи дувуми бозӣ ду гол зада, ҳисобро баробар карданд.

Дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ бозиро бо тими “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 1:1 ба охир расонд. Суннатулло Холов, бозигари 16-солаи “Вахш”, дар дақиқаи 22-юм ҳисобро боз кард. Голи ҷавобиро Шӯҳрат Шамсиев, ҳамлагар ва сармураббии дастаи “Истаравшан”, дар дақиқаи 89-ум зад.

Чор бозии дигари даври 19-ум рӯзи сешанбе, 9-уми октябр баргузор мешавад.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, ки як бозӣ камтар кардааст, бо 41 имтиёз дар ҷойи аввал мебошад. Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб низ 41 имтиёз дорад, вале бо назардошти таносуби тӯбҳо дар зинаи дувум ҷой гирифтааст. Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат бо 33 имтиёз дар ҷойи севум аст.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки аз ҳама камтар – 13 бозӣ анҷом додааст, бо 29 имтиёз дар зинаи чаҳорум ҷойгир шудааст. “Истиқлол” бо рақибони аслиаш - “Регар-ТадАЗ” ва “Равшан” барои медалҳои тиллои мусобиқа мубориза мебарад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:


Ҷ


Дастаҳо


Б


Ғ


М


Б


Т


И

1.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

16

13

2

1

37-11

41

2.

«Равшан» (Кӯлоб)

17

13

2

2

27-8

41

3.

«Хайр» (Ваҳдат)

16

10

3

3

29-18

33

4.

«Истиқлол» (Душанбе)

13

9

2

2

32-8

29

5.

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

17

8

3

6

35-24

27

6.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

16

7

3

6

21-13

24

7.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

16

6

2

8

22-26

20

8.

«Энергетик» (Душанбе)

16

5

5

6

22-20

20

9.

КМВА “Помир” (Душанбе

17

5

4

8

16-21

19

10.

“Истаравшан» (Истаравшан)

18

5

4

9

26-35

19

11.

«Ҳосилот» (Фархор)

16

4

1

11

16-35

13

12.

«Гвардия» (Душанбе)

16

2

0

14

9-42

6

13.

«Зарафшон» (Панҷакент)

16

1

3

12

17-48

6


Голзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев («Истиқлол») – 11 тӯб, Аҳтам Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»), Асадулло Бобоҷонов, Мансур Ҳакимов (ҳарду - «Парвоз»), Шодибек Ғаффоров («Энергетик»)- 9-тӯбӣ.

Бозиҳои даври 19-ум:

9-уми октябр (сешанбе)
Оғози бозиҳо – соати 15.00


«Гвардия» - «Энергетик» (Душанбе, Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати дифоъ)
«Регар-ТадАЗ» - «Зарафшон» (Турсунзода, Варзишгоҳи «Металлург»)
КМВА «Помир» - «Истиқлол» (Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ)
«Хуҷанд» - «Ҳосилот» (Хуҷанд, Варзишгоҳи “Спартак”)
XS
SM
MD
LG