Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, тавассути намояндагии кишвар дар Арабистони Саудӣ ба мушкили ду зоири пиёдаи тоҷик расидагӣ хоҳад кард.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, аз мушкили ду зоири пиёдаи тоҷик дар Аморати Муттаҳидаи Арабӣ хабар дорад ва талош мекунад, тавассути намояндагии худ дар ин кишвар ба онҳо кумак намояд.

Ду зоири пиёдаи тоҷик дар Аморати Муттаҳидаи Арабӣ ба сабаби мушкил дар санадҳояшон боздошт ва ҳамакнун дар боздоштгоҳи муваққат ба сар мебаранд. Абдулазиз Раҷабов, яке аз ин зоирони боздоштшуда, рӯзи 5-уми октябр дар тамоси кӯтоҳи телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, марзбонон дар ҳуҷҷати онҳо кадом иштибоҳеро дарёфта, ҳоло онҳоро дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳ медоранд.

Ба гуфтаи ӯ, дар асноди онҳо иштибоҳе вуҷуд дорад, ки онро танҳо сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ва ё Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон метавонанд ҳал намоянд. Давлат Назриев, сухангӯи Вазорати умури хориҷӣ, гуфт, "намояндагии дипломатии мо дар Аморати Мутаҳиддаи Арабӣ супориш гирифтааст, то ба ин ду шаҳрванди Тоҷикистон кумаки худро расонад. Намояндагӣ нота мефиристад, то ба қазия расидагӣ ва ҳал шавад. Умедворем, ҷониби Арабистони Саудӣ низ иродат нишон дода, ба онҳо виза медиҳад."

Ба таъкиди масъулони Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мушкили ин ду зоири тоҷик, надоштани виза ё раводиди Арабистони Саудист ва ин далели боздошти онҳо шудааст. Аммо таҷриба ҳокист, ки Арабистони Саудӣ барои он идда зоирони кишварҳои хориҷие, ки пиёда ва ё тавассути васоили нақлия мехоҳанд қаламрави ин кишварро убур кунанд, виза намедиҳад.

Ба ин далел, нозирони умур мегӯянд, зоирони пиёдаи тоҷикро низ зарур буд, то ин масъаларо мадди назар намуда ва аз қабл мушкили визаи Арабистони Саудиро ҳал мекарданд.

Дар охири моҳи майи соли ҷорӣ 8 тан аз сокинони ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ба нияти зиёрати Хонаи Худо пиёда ба роҳ баромаданд. Онҳо пои пиёда қаламрави Афғонистону Эронро гузашта, аммо дар ними роҳ ду нафари онҳо бинобар беморӣ ва пеш омадани кори муҳим қатъи сафар карданд. 4 нафари дигар аз пиёда рафтан худдорӣ намуда, аз Эрон тариқи ҳавопаймо ба Арабистони Саудӣ рафтанд.

Танҳо Абдулазиз Раҷабов, раҳбалади ин гӯруҳ ва як тани дигар, роҳи худро давом дода ва ҳамакнун дар марзи Аморати Муттаҳидаи Арабӣ гирифтори мушкиланд. Абдулазиз Раҷабов дар тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ вазъияти худ ва ҳамроҳашро чунин шарҳ дода буд: "Ҳоло мо дар як ҷое ҳастем, ки ҳама биёбон аст. Азоб дорем, ҳаво аз 40 дараҷа зиёд гарм аст. Хеле хоҳиш дорем, ки Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мушкили моро ҳал намояд."

Абдулазиз Раҷабов, дар соли 2006 низ пойи пиёда сафари Ҳаҷ карда буд, аммо он замон аз Русия ба Хонаи Худо рафта буд. Зеро ин шаҳрванди Тоҷикистон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор дошт. Он замон вай танҳо роҳ сӯи Макка пеш гирифта буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG