Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти тоҷик мегӯянд, Тошканд барои интиқоли маҳбусон аз Хуҷанд ба Душанбе тавассути қатора иҷоза намедиҳад.

Узбакистон иҷоза надодааст, ки Сарраёсати умури зиндонҳои Тоҷикистон гурӯҳи маҳбусонро тавассути қатора ё поезд аз Хуҷанд ба Душанбе интиқол диҳад. Барои убури ин қатора, ки аз марзи Узбакистон мегузарад, иҷозаи Тошканд муҳим будааст.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, қаблан ҳар моҳ гурӯҳи зиндониёнро зери назорати посбонони мусаллаҳ бо қатора ба пойтахт мефиристоданд. Аммо дар ду-се соли охир Тошканд дар пайи сард шудани равобиташ бо Душанбе гирифтани муҷаввиз ё иҷозатномаи хосро барои ҳар навбат шарт гузошта ва ҳоло аз додани он ҳам худдорӣ мекунад. Аз оғози соли ҷорӣ то кунун Узбакистон танҳо як бор иҷоза додааст, ки маҳбусони тоҷик тавассути қатора аз Хуҷанд ба Душанбе фиристода шаванд.

Гулзора Тайгуншоева, мудири шӯъбаи махсуси Сарраёсати умури зиндонҳои Тоҷикистон, гуфт, маҳбусоне, ки бояд ба Душанбе интиқол ёбанд, аслан зодаи пойтахт ва минтақаҳои дигари ҷануби кишваранд. Ӯ афзуд, дар тӯли 10 рӯзи баъд аз мавриди иҷро қарор гирифтани ҳукмашон ин афрод бояд ба маҳбасҳои наздиктар ба ҷойи зисташон интиқол ёбанд, аммо ба далели мухолифатҳои Узбакистон ин кор ба таъхир афтодааст.

"Ҳамчунин дар вилояти Суғд маҳбасҳои занона, барои ноболиғон ва бори аввал ҳабсшудагон низ мавҷуд нест, ин қабил зиндониён тавассути қатора маъмулан ба зиндонҳои ҷануби кишвар фиристода мешуданд. Дар Хуҷанд зиндонҳои низомашон сахт ва пурзӯр ҷой гирифтааст",-илова кард ӯ.

Ба иттилои Сарраёсати умури зиндонҳои Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 150 маҳбус, ки бояд ба Душанбе интиқол ёбанд, ба таври муваққат дар муассисаҳои ислоҳотии Хуҷанд нигаҳ дошта мешаванд. Хонум Гулзора гуфт, "ин маҳбусонро бо нақлиёти автомобилӣ тӯли 7-8 соат то Душанбе интиқол додан аз нигоҳи амниятӣ душвор аст. Роҳи ҳавоӣ бошад, гарон аст, аз ин рӯ, мо барои ҳалли ин мушкил талош дорем. Чунки медонем, хешу табори маҳбусон ҳам барои дидор бо онҳо роҳи дарозро бояд тай карда ба ин ҷо оянд."

Мо ба мақомоти Раёсати оид ба корҳои ислоҳотӣ дар Хуҷанд тамос гирифта, хостем аз ҳоли маҳбусоне, ки мунтазири интиқол ба Душанбе ҳастанд, огоҳ шавем. Аммо муовинони сардори Раёсати мазкур ба далели дар сафари корӣ будани раҳбарашон дар бораи фаъолияти муассисаи худ аз суҳбат худдорӣ карданд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG