Пайвандҳои дастрасӣ

"Седой" аз маҳбас не, аз ҳукми додгоҳ норозист


Ғаффор Мирзоев, раҳбари пешини Горди президентӣ. Акс аз бойгонӣ

Ғаффор Мирзоев, раҳбари пешини Горди президентӣ. Акс аз бойгонӣ

Оиша Мирзоева, хоҳари Ғаффор Мирзоев пас аз як сол муваффақ шуд, ки бо бародараш, дар боздоштгоҳи мувақатии КДАМ мулоқот намояд.

Оиша Мирзоева рӯзи душанбе дар сӯҳбат ба «Озодӣ» гуфт, ки вазъи саломатӣ ва шароити зиндагии бародараш Ғаффор Мирзоев дар боздоштгоҳ хуб аст ва ӯ ҳеҷ шикояте надорад. Вай аз мақомоти ҳукуматӣ, ба хусус аз Додситонии кул хоҳиш дорад, ки ба парвандааш расидагии тоза сурат бигирад.

Оиша Мирзоева меафзояд, ки бародараш дар се маврид аз ҳукми Додгоҳ норозӣ аст ва мехоҳад, ки парвандааш бознигарӣ шавад. Ғаффор Мирзоев тибқи ҳукми Додгоҳи олӣ бо ҷурми «одамкушӣ» ва гузаронидани маводи ғайриқонунӣ аз тариқи гумрук низ маҳкум шудааст ва мехоҳад дар ин масъала рӯшанӣ андохта шавад.

Масъалаи дигар, эълони ҳукми абад аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон аст, ки соли 2006 дар нисбати вай содир шудаааст. Ба қавли Оиша Мирзоева, вақте «ҳукми абад» алайҳи бародараш дар соли 2006 эълон шуд, дар Тоҷикистон ҳукми абад ҳамчун навъи ҷазо ба иҷро надаромада буд.

Баро рӯшанӣ андохтан ба ин масъала Ғаффор Мирзоев борҳо ба унвони Додситонии кул ва Додгоҳи олии кишвар нома навиштааст, аммо танҳо дар як маврид гурӯҳе аз ходимони додситони назоратӣ ба боздоштгоҳ омада аз чашмак (глазок) ба ӯ нигоҳ карда рафтаанд.

Баъд аз ин Ғаффор Мирзоев се моҳ -- шурӯъ аз моҳи декабри 2010 то феврали соли 2011 даст ба гуруснанишинӣ зад, аммо тавре хоҳари ӯ мегӯяд, бо вуҷуди ин, ҳеҷ намояндаи мақомоти дахлдор ба додаш нарасидааст.

Оиша Мирзоева мегӯяд, ки қаблан дар ҳафтае ду маротиба барои бародараш хӯрок мебурд ва аз тарафи кормандони боздоштгоҳ қабул карда мешуд. Аммо аз моҳи январи соли ҷорӣ ба ин тараф дар 6 моҳ расонидани хӯрока ба маҳбусонро танҳо як маротиба қабул мекунанд. Ҳоло дар дохили боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мағоза боз карда шудааст ва барои маҳбусҳо танҳо пул интиқол дода мешавад.Оиша Мирзоева мегӯяд, ки бародараш аз шароити нигоҳдорӣ дар боздошт шикоят надорад.

Ғаффор Мирзоев, собиқ фармондеҳи Горди президентии пешин ва раиси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мулаққаб ба “Ғаффор –Седой” дар августи соли 2004 боздошт ва дар августи соли 2006 бо ҷурми даст доштан дар беш аз 90 ҷиноят маҳкум ба ҳабси абад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG