Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси ҳамкориҳои ду Бадахшон дар Хоруғ


Як комиссияи ҷумҳурии исломии Афғонистон ба раҳбарии волии вилояти Бадахшон Шоҳвалиуллоҳи Адиб барои баҳси ҳамкориҳои миёни Бадахшони Тоҷикистон ва Бадахшони Афғонистон вориди Хоруғ шудааст.

Қарор аст, тақвияти ҳамкориҳо барои таъмини амният дар марз ва бозорҳои наздимарзӣ, масоили маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва барқ мавриди баррасӣ қарор бигирад. Пас аз анҷоми кори комиссия ду бозори наздимарзии нав, яке дар ноҳияи Мурғоб ва дигаре дар ноҳияи Ишкошим ба кор оғоз хоҳад кард.

Сафари комиссияи афғонӣ бо раҳбарии волии Бадахшон ба далели ҳодисаҳои Вартучи Афғонистон қариб ду ҳафта ба таъхир афтодааст. Ноамнӣ ҳайати афғониро маҷбур кардааст, ки аз роҳи Панҷи Поён ба Хоруғ бирасанд. Ҳодисаҳои Вартуч дар пайи ҳамлаҳои Толибон ба нерӯҳои давлатӣ сурат гирифта, ки дар натиҷа як сарбоз ҳалок ва чор-панҷ нафар низомии дигар захм бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG