Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чавес ба даври севуми раёсат роҳ ёфт


Чавес дар ҷамъи тарафдоронаш
Чавес дар ҷамъи тарафдоронаш
Натоиҷи эълоншудаи интихоботи раёсатҷумҳурии Венесуэла ҳокист, ки раҳбари кунунии ин кишвари Амрикои Лотинӣ Ҳуго Чавес бо касби 54 дарсади оро ба даври севуми шашсолаи раёсат роҳ ёфт. Рақиби аслии ӯ Ҳенрике Каприлес 45 дарсад раъй ба даст овардааст. Дар пайи эълони натиҷаҳо тарафдорони Чавеси сотсиалист ба кӯчаҳои пойтахт –Каракас – рехтанд. Чавес аз муттаҳидони Русияву Беларус ва Эрон буда, аз соли 1999 ба ин сӯ дар сари қудрат қарор дорад. Ҳомиёни ҳуқуқ ва матбуот ӯро ба маҳзи таъқиби мунтақидони ҳукуматаш танқид мекунанд.
XS
SM
MD
LG