Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иванишвилӣ рӯйхати кобинаашро эълон кард


Футболбози маъруфи гурҷӣ Каха Каладзе низ узви кобинаи Иванишвилист.

Футболбози маъруфи гурҷӣ Каха Каладзе низ узви кобинаи Иванишвилист.

Миллиардери гурҷӣ Бидзина Иванишвилӣ имрӯз рӯйхати номзадҳо ба кобинаи ояндаашро эълом кард. Эътилофи Орзуи Гурҷистони Иванишвилӣ дар интихоботи парлумонии 1 октябр дастикам 83 курсӣ аз 150 курсии маҷлиси ояндаи ин кишвари Қафқозро ба даст овард. Тибқи Қонуни нави асосии Гурҷистон, ки ба парлумон салоҳияти бештар эъто мекунад, сарвазирро эътилоф ё ҳизбе пешбарӣ мекунад, ки дар ҳимояти аксари парлумонро дар даст дорад. Иванишвилӣ худро ба мақоми сарвазирӣ пешбарӣ карда, Ираклий Ғарибашвилиро ба симати вазири умури дохила ва Ираклий Алазанияро ба мақоми вазири дифоъ пешниҳод кардааст. Майя Панҷикидзе ба мақоми вазири хориҷа ва Теа Тсулукианӣ ба симати вазири адлияи Гурҷистон футболбози маъруф аКаладзе, ки қаблан дар тими «Милан» бозӣ мекард, ба вазорати рушди минтақаҳо пешбарӣ шуданд.
Нахустин иҷлосияи парлумони нав 21 октябр доир мешавад.
XS
SM
MD
LG