Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тахриби манзили Рустам Абдураҳимов дар ноҳияи Рӯдакӣ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бомдоди рӯзи якшанбе мақомоти маҳаллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ манзили бархе аз сокинони мавзеи "Оби Шифо"-ро тахриб намудаанд.

Бархе аз сокинони мавзеи "Оби Шифо" дар ноҳияи Рӯдакӣ мегӯянд, мақомот бидуни огоҳӣ ва шарҳу тавзеҳ манзили зисти онҳоро тахриб (вайрон) кардаанд. Рустам Абдураҳимов, яке аз бошандагони ин мавзеъ, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, намояндагони мақомоти ҳукумати Рӯдакӣ ва гурӯҳе за кормандони милиса бо булдозер омада, манзили зисташро ба хок яксон намудаанд.

Ҷаноби Абдураҳимов афзуд, ҳама талошҳои ӯ барои донистани иллати тахриби манзилаш бенатиҷа будааст. "Кормандони пулис дастонамро дошта, то замони анҷоми тахрибсозӣ нагузоштанд, ки ҳарфе гӯям",-илова кард мусоҳиби мо.

Ҳатто пас аз анҷоми амалиёти тахриби манзил, намояндагони мақомоти ноҳия ин амалашонро шарҳ надода, маҳалро тарк кардаанд. Ба гуфтаи Рустам Абдураҳимов, ин гуруҳ манзили зисти чаҳор ҳамсояашро тахриб намудаанд.

"Тамоми асноди лозим, аз ҷумла иҷозатномаи мақомоти ноҳия дар хусуси сохтани манзил дар ин мавзеъро дар даст доштам, вале бо вуҷуди ин, манзиламро вайрон карданд. Ман барои бунёди ин хона 6 ҳазор доллар сарф кардаам",-мегӯяд ӯ. Вай меафзояд, ин ҳодиса дар ҳоле иттифоқ афтода, ки ӯ рӯзи душанбе нияти бурёкӯбонро доштааст.

Як мақоми ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ дар тамос бо Радиои Озодӣ гуфт, ин мавзӯъ ҳоло мавриди баррасӣ қарор дорад. Ӯ афзуд, соҳибони ин манзилҳоро қаблан ба таври шифоҳӣ (даҳонӣ) аз сохтани биноҳо дар ин мавзеъ ҳушдор дода буданд, вале онҳо худсарона ба бунёди хонаҳо пардохтаанд

Рустам Абдураҳимов, сокини мавзеи "Оби Шифо" 8 сол боз дар шаҳри Душанбе бо се фарзандаш дар хонаи иҷора зиндагӣ дошта, дар бозори "Корвон" ба соҳибкорӣ машғул будааст. Вай мегӯяд, ҳамроҳи ҳамсоягонаш қасд дорад, ба мақомоти баландтари ҳукумати кишвар муроҷиат кунад.

Дар моҳи феврали соли гузашта баталйони 200-нафари кормандони умури дохилии ноҳияи Рӯдакӣ ба маҳаллаи Қӯштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ омада, ҳудуди 50 манзили зистро хароб карда буданд, ки дар онҳо соҳибонашон тоза ба зиндагӣ оғоз карда буданд. Мақомоти ноҳия иддао доштанд, ки ин манзилҳо ғайриқонунӣ сохта шудаанд ва аз ин рӯ соҳибони манзилҳо бояд ба ҷои дигар бираванд. Сокинони маҳаллаи Қӯштеппа гуфта буданд, ки дар соли 2006 бо иҷозаи расмии Додситонии кул ва бо фармони раисиҷумҳур, ба сохтмони манзилҳои худ оғоз кардаанд.
XS
SM
MD
LG