Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент ба таҳқиқи марги Ҳамза Икромзода дастур дод


Ҳамза Икромзода рӯзи 20-уми сентябр дар зиндони шумораи яки пойтахт даргузашт
Ҳамза Икромзода рӯзи 20-уми сентябр дар зиндони шумораи яки пойтахт даргузашт

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дастур додааст, ки ба қазияи марги Ҳамза Икромзода расидагӣ шавад.

Додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода модари Ҳамза Икромзода, сокини 27-солаи Ҳисорро, ки рӯзи 20-уми сентябр дар зиндон фавтида буд, ба ҳузур пазируфта ва ваъда додааст, ки омилони марги фарзандашро фош хоҳад кард.

Зулайхо Ҷӯраева, модари Ҳамза Икромзода, рӯзи душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода рӯзи шанбе ӯву дигар наздиконашро қабул намуда, ба иддаои онҳо аз наздик ошно гаштааст.

Ба қавли Зулайхо Ҷӯраева, Шерхон Салимзода дастури расмии президенти кишварро ба онҳо нишон додааст, ки дар он ба таҳқиқи ҳамаҷонибаи ҳодисаи марги Ҳамза Икромзода дар маҳбаси рақами аввали пойтахт, таъкид шудааст.

Модари Ҳамза Икромзода мегӯяд, аксҳо барои ташхиси ҷасади писарашро ба додситони кул нишон додааст. Ҷаноби Салимзода аз таъсири оби "боклашка"-и гарм сӯхтани пӯсти бадани Ҳамзаро як "иддаои беҳуда" ҳисобида гуфтааст, дар ҳоли ҳозир гуруҳи муфаттишони Додситонии кул дар пайи таҳқиқи ин ҳодиса ҳастанд ва омилони марги Ҳамза Икромзодаро фош хоҳанд кард.

Ҳудуди як ҳафта қабл, созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон аз ҳукумати ин кишвар даъват карданд, ки марги маҳбус Ҳамза Икромзодаро мавриди тафтиши амиқ қарор диҳанд. Пайвандони Икромзода мегӯянд, дар ҷасади ӯ нишонаҳои латту кӯб ошкор будааст. Ҳамза Икромзодаи 27-сола, сокини деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор, рӯзи 20-уми сентябр дар зиндони шумораи яки пойтахт даргузашт.

Дар зимн, созмони Amnesty International ё Афви байналмилал бо интишори як баёния дар рӯзи 5-уми октябр аз президент Эмомалӣ Раҳмон хост, ба шикояти қурбониёни шиканҷа дар Тоҷикистон расидагӣ карда, нисбат аб сарнавишти онҳо бетараф набошад.
XS
SM
MD
LG