Пайвандҳои дастрасӣ

Комиссияи марказии интихоботи Венесуэла эълон кард, ки Ҳуго Чавез дар интихоботи президентии рӯзи якшанбе (7-уми октябр) пирӯзӣ ба даст овардааст.

Комиссияи марказии интихоботи ин кишвар гуфт, тибқи ҳисоби пешакӣ Чавез беш аз 54 дар сади раъйҳоро касб намудааст. 45 дарсади раъйдиҳандагон ба тарафдорӣ аз номзади мухолифин Энрике Каприлес овоз додаанд.

Аслан, кӯшиши бунёди сотсиализм дар Венесуэла, ки 14 сол инҷониб аз тарафи президент Ҳуго Чавез амалӣ мешавад, рӯзи якшанбе бо санҷиши ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуд. Мардуми зиёд дар назди ҳавзаҳои овоздиҳӣ саф кашида буданд ва аз ин рӯ, вақти овоздиҳӣ тамдид ёфт.

Рақиби асосии Ҳуго Чавези 58-сола номзади мухолифин Энрике Каприлеси 40-сола буд, ки ҳамчун муҳофизи сохти сармоядорӣ шинохта мешавад, ки роҳи пешгирифтаи Чавезро роҳи бунбаст унвон додааст.

Баъди овоздиҳиаш Каприлес изҳор намуд, ки интихобот бидуни хушунат сурат гирифт. Ӯ гуфт, мо ба аҳли олам нишон додем, ки ихтилофҳоямонро ба таври осоишта ҳал мекунем.

Натиҷаи интихоботи Венесуэла-кишвари дорои бузургтарин захираи ташхисшудаи нафти рӯи олам, ба манотиқи хеле дуртар аз қаламрави Венесуэла, ба қавле аз Ҳавана то Теҳрон таъсир хоҳад дошт.

Пирӯзии Чаевз маънои онро дорад, ки ӯ нақши давлат дар иқтисодро бештар хоҳад кард, мухолифин бо маҳдудияти бештар мувоҷеҳ хоҳанд шуд ва дӯстии ӯ бо рақибони ИМА таҳким меёбад.

Ин дар ҳолест, ки Каприлес мехост, сиёсати хориҷии Венесуэларо тағйир дода, созишҳои имтиёздори содироти нафт ба кишварҳои шабеҳи Кубаро лағв кунад. Каприлес тарафдори сармоягузориҳои хусусӣ ва коҳиши назорати ҳукумат рӯи иқтисод мебошад.

Дар давраи пешазинтихоботӣ хушунат ҷой дошт. Ҳафтаи гузашта дар вилояти Баринас ду ҷонибдори Каприлес ба қатл расиданд. Дар гирдиҳамоиҳои тарғиботӣ ҳам бархӯрдҳои тарафдорони номзадҳои рақиб ба қайд гирифта шуданд.

XS
SM
MD
LG