Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аъзои ҳукумати нави Гурҷистон эълон мешаванд


Имрӯз раҳбари эътилофи Орзуи гурҷӣ Бидзина Иванишвилӣ, ки эҳтимолан курсии сарвазирро ишғол хоҳад кард, бояд аъзои ҳукумати нави Гурҷистонро пешбарӣ кунад. Иванишвилӣ сарватмандтарин фарди Гурҷистон бошад ҳам, собиқаи бузурги сиёсӣ надорад. Ӯ мегӯяд, дар ҳукумати нав ягон узви ҳукумати кӯҳна ҷой нахоҳад дошт.
Бар пояи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи парламентии Гурҷистон эътилофи мухолифин аз байни 150 курсии парламент 83-торо дар ихтиёр хоҳанд дошт. Иванишвилӣ мегӯяд, ӯ мехоҳад равобити Гурҷистон бо Русияро беҳбуд бахшад, вале ин кишвар ҳамоно баҳри узвият дар НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо талош хоҳад варзид.
XS
SM
MD
LG