Пайвандҳои дастрасӣ

Чавез ба қабули натиҷаи интихобот омодаааст


 Ҳуго Чавез

Ҳуго Чавез

Президенти Венесуэла Ҳуго Чавез рӯзи якшанбе дар интихоботи президентии ин кишвар овоз дода, ба хабарнигорон гуфт, ҳар чизе бошад, ӯ ҳозир аст, натиҷаи интихоботро қабул кунад. Чавез, ки саъй дорад, бори чорум президенти Венесуэла интихоб шавад, бо муқовимати пешвои мухолифин Энрике Каприлес мувоҷеҳ шудааст.
Рӯзи шанбе Чавез дар шаҳри Каракас гуфт:
Ман аз ҳамаи сиёсатмадорони ростгаро, чапгаро ва марказгаро талаб мекунам, ки эҳсосу рӯҳияи худро ба қабули натиҷаҳои интихоботи рӯзи якшанбе омода кунанд. Барои касе бо ин интихобот дунё ба охир намерасад. Ман ин суханонро аз он сабаб мегӯям, ки баъзеҳо баъди нокомӣ беқарор нашаванд.”
Тибқи назархоҳиҳои пешакӣ Чавез, ки аз соли 1999 дар курсии раёсатҷумҳурӣ нишастааст, дар интихобот пирӯз хоҳад шуд. Вале пайравони Каприлес мегӯянд, ки вақтҳои охир дастгирии номзади мухолифин афзоиш ёфта, ӯ ҳам имкони пирӯзиро аз даст надодааст. Чавез ҳамчун муттафиқи президентҳои Русия, Беларус ва Эрон шинохта мешавад. Ӯ собиқ афсари нерӯҳои мусаллаҳ буда, мегӯяд, ки кишварашро ба сотсиализм хоҳад расонд. Ҳомиёни ҳуқуқ ва хабарнигорон Чавезро бо таъқиби мухолифони тарзи ҳукмрониаш муттаҳам мекунанд.
XS
SM
MD
LG